Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Июль 10, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз  16 то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад. Форуми  мазкур бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар  Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун:  гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, саъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, ки  дар доираи Форум ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан менамоянд. Инчунин баргузории  аксияҳои гуногуни тарғиботӣ — ташвиқотӣ, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Июль 10, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад