ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали Ҷоми шаҳрдории Остона роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба бозии ниҳоии Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми шаҳрдории Остона роҳ ёфт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби то 17- солаи «Остона» рақобат намуд. Дар ин сабқати ҷолибу диданӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 дастболо шуда, роҳхати даври ниҳоии мусобиқаи мазкурро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 13 июл дар финал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби «Шахтёр U-17» (Қарағанда, Қазоқистон) рақобат мекунад. Вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи «Астана-Арена», соати 16:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






