ФУТБОЛ: Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Туркманистон дастболо шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастаи мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тӯбҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Фирдавси Олимзода ва Меҳрубони Абдурауф ба ҳадаф расониданд.
Баъд аз сипарӣ шудани се давр дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон ва Эрон бо касби 9 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвал қарор доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ пирӯз ва дар як дидор мағлуб шудааст, бо дарёфти 6 хол дар ҷои 3-юм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки 28 июл дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон рақобат мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






