ФУТБОЛ: «Истиқлол» аввалин бозингарро аз хориҷи кишвар ба даста даъват намуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар равзанаи гузариши тобистона бо нимҳимоятгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Абдумӯминов қарордоди яксола ба имзо расонд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷаҳонгир Абдумӯминов фаъолияти варзишии худро соли 2010 аз дастаи футболи «Машъал»-и шаҳри Муборак оғоз карда, то соли 2014 шарафи ин дастаро ҳимоя кардааст. Баъдан дар дастаҳои футболи «Олмалик», «Металлург» ва «Суғдиёна»-и вилояти Ҷиззах ҳунарнамоӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир Абдумӯминов 25 сол дорад ва дар ҳайати дастаи ҷадидаш — «Истиқлол» бо шумораи 7 бозӣ мекунад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






