ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ МАН АСТ! Дар Душанбе барои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ омодагӣ мегиранд

Июль 26, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани мавсими даъвати навбатии тирамоҳии  шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2018  тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори мазкур  масъулин вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

Дар қарори мазкур  омадааст, ки  раисони ноҳияҳо,  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ва комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе  омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд ва то санаи 1 октябри соли 2018  барои аз  муоинаи пешакии тиббӣ гузаштани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Июль 26, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд