Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика- «IMC-2018» сазовори 15 медал гардиданд

Июль 9, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика- «IMC-2018», ки аз 1 то 6-уми июл дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория  баргузор гардид, ба ватан баргаштанд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар   олимпиадаи мазкур     612 нафар хонанда аз 35 давлати дунё ширкат намуданд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро  4 даста  (24 нафар) муаррифӣ намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 15 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон 1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал, 1 даста сазовори мақоми дуюм ва 1 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм гардида, шараф ва Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон  ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок  намуда,  сазовори 196 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 78 медали биринҷӣ гардиданд.

Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 медал (33 медали тилло, 36 медали нуқра, 34 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.

Июль 9, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад