Изҳори тасаллияти Ҷамъияти тоҷикони Туркия ва Миср оид ба кушта ва маҷрӯҳ шудани гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 31.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Фоҷеае, ки рӯзи 29 июли соли равон дар яке аз шоҳроҳҳои мамлакат ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ гардид, тамоми сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони мамлакатро, ки дар кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият мекунанд такон дод. Ин ҳодисаи мудҳиш касеро бетараф нагузошт. Аз ҷумла аз номи Ҷамъияти тоҷикони Туркия ва Миср ба унвони АМИТ «Ховар» номаҳои тасаллият ворид гардиданд, ки дар онҳо омадааст:
«Ҳодисаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Швейтсария ва Нидерландия бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия гардидааст.
Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди азза ва ҷалла ба хонаводаи онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.
Инчунин мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия миннатдории худро ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошкор ва сари вақт дастгир шудани муттаҳамшавандагон саҳм гузоштанд, баён менамоем».
Анҷумани тоҷикон дар Туркия
***
«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани гардишгарони хориҷӣ бар асари аз тарафи ронандаи нақлиёт пахш гардидан дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боиси андӯҳу нафрати беандозаи мо – тоҷикони муқими Миср гардид.
Ҷамъияти тоҷикони Миср ин амалҳои ғайриинсонии неруҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Тавре ба мо маълум аст, 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиётӣ пахш карда шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд. Ба 3 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд, кумаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст. Бо дастури Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шуда, баъд аз чаҳор соат, аввалин гуруҳи ҷинояткор аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқошкор ва дастгир гардиданд.
Тоҷикони муқими Миср ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба аҳли наздикони фавтидагони гардишгарони хориҷӣ изҳор намуда, хоҳони шифои комили маҷруҳгардидагони ин ҳодиса, ҳастем».
Бо эҳтиром,
Ҷамъияти тоҷикони Миср








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






