КАЖДУМОН ДУМБУРИДА ХОҲАНД ШУД! Изҳороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Июль 31, 2018 12:28

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаи мудҳише, ки 29 июли соли равон дар яке аз шоҳроҳҳои мамлакат ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ гардид, тамоми сокинони Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба аҳли хонаводаи сайёҳони аз ҷониби ин беномусон кушташуда изҳори тасаллият намуда, ба роҳбарони кишварҳояшон муроҷиат кардааст, ки қотилони зархаридро ҳаргиз тоҷику тоҷикистонӣ ҳисоб накунанд. Зеро ин касофатҳо бо дастури хоҷагони хориҷиашон  омода ҳастанд, ки ба ҳамаи амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иншооти бузурги аср – «НБО Роғун» ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карда, бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ояндаи Тоҷикистони азизам воқеан дурахшон аст.

Аз ҷониби Пешвои муаззам эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ маҳз ба ояндаи неки тоҷикистониён нигаронида шудааст. Зеро ин ду соҳа низ даромади зиёде ба буҷаи кишвар хоҳанд овард.  Маълум аст, ки ободонию созандагӣ танҳо дар шароити сулҳу амонӣ муяссар мегардад ва ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо яке аз давлатҳои амни дунё ба ҳисоб меравад.

Бадбахтона, воқеаи ногувори куштори сайёҳони хориҷӣ дар Себистони Данғара нишон дод, ки бадхоҳони миллату давлати мо чун каждумони зери бурё пинҳон будаанд ва пайт пойида, неши худро маҳз дар ҳамин замону макон заданд.

Бино ба гузориши Site Intelligence Group, гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро ба ӯҳда гирифтааст.

Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки «гурӯҳи сарбозони хилофат» дар вилояти Хатлони Тоҷикистон «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ»-ро пахш карда, сипас бо корд 4 нафари онҳоро кушта, чор тани дигарро захмӣ кардаанд.

Бовар дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар вақтҳои наздиктарин ҳаммаслакони ин хоинони миллатро ҳам дастгир мекунанд ва думи онҳоро низ мебуранд.  Ба аҳли хонаводаи сайёҳони аз ҷониби ин беномусон кушташуда сабру таҳаммул хоҳонам. Ба роҳбарони кишварҳояшон гуфтаниям, ки террорист дину миллату ватан надорад. Қотилони зархаридро ҳаргиз тоҷику тоҷикистонӣ ҳисоб накунанд. Зеро ин касофатҳо бо дастури хоҷагони хориҷиашон  омода ҳастанд, ки ба ҳамаи амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд.

Пешвои миллати мо ҷомеаи ҷаҳониро ҳанӯз 4-уми майи соли равон дар  суханрониашон, ҳангоми маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» чунин огоҳ карда буданд:  «Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарбитерроризми байналмилалӣ табдил додаанд. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Толибон» ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст».

Мо бовар дорем, ки ДОИШ ва дигар гурӯҳакҳои палиди террористӣ дар лонаи навашон — Афғонистон бо мадади тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин амалиёти террористӣ қурбон шуданд, маҳв хоҳанд гардид.

 

Сарфароз ФАТТОҲЗОДА,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар вилояти Суғд,
номзади илмҳои филология

Июль 31, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус