Маҳмадсаид Зувайдзода: «То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт — шаҳри Душанбе куллан дигаргун мешавад»
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгашт бунёд гардид. Бо мақсади ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 километр корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дигар дар масофаи 9 километр ва дар масоҳати 134 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд»,- чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.
Маҳмадсаид Зувайдзода ҳамчунин иброз дошт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахт – шаҳри Душанбе куллан дигаргун мешавад. Дар ин муддат дар пойтахт тамоми симчӯбҳо иваз гардида, роҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмиру навсозии роҳҳои пойтахт 270 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Баъди анҷоми таъмири асосӣ дар хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳр ин иқдом дар дигари кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Ҳамчунин то ҷашни мазкур дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт сохтмони майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои замонавӣ, таваққуфгоҳҳои аз 1 то 4-сатҳа барои нигоҳдории нақлиёт, мактабу боғчаҳои бачагона, меҳмонхонаву биноҳои баландошёнаи истиқоматии мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.
М. Зувайдзода аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки дар тарғиби риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки таъриху фарҳанги миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, мусоидат намуда, ҳамкориро дар ин самт бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳким бахшанд.
М. Зувайдзода ба саволҳои хабарнигорон дар бораи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ, партовкашонӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ, вазъи санитариву эпидемологӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии пойтахт посух дод.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






