Меҳрона Ғайбуллоева сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид
ДУШАНБЕ, 27.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси якуми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева, ки соли 2018 дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») –и шабакаи телевизионии «НТВ» – и Федератсияи Россия иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, номбурда ҳар як моҳ бо маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда мешавад.
Воқеан ҳам натиҷаи бадастовардаи Меҳронаро дар саҳнаи Озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!»), ки аз ҷониби Агентии иттилоотии «Спутник» ва шабакаи телевизонии «НТВ»-и Россия роҳандозӣ карда шуд, муваффақият номидан мумкин аст, зеро роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии чунин озмуни бонуфуз на ба ҳар кас даст медиҳад. Илова бар ин, дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 нафар сарояндагони ҷавон аз 13 кишвари олам ширкат намуданд ва ба намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин шомил шавад.
Хотиррасон менамоем, ки Меҳрона Ғайбуллоева дар курси якуми Коллеҷи давлатии санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов таҳсил менамояд. Ӯ аз кӯдакӣ ба овозхонӣ шавқ дошта, борҳо дар барномаҳои фарҳангии шаҳрию ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Иштироки ӯ дар озмуни байналмилалӣ бори аввал буд.










Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






