Меҳрубон Сангинов бо муштзани мексикоӣ Хорхе Риос муҳориба менамояд
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. 3 ҳафта қабл дар бораи ғалабаи навбатии Меҳрубон Сангинов бар муштзани маъруфи мексикоӣ Фермин Канедо дар маводе зери сарлавҳаи «МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинов муштзани мексикоиро мағлуб кард» иттилоъ дода будем. Ин навбат чемпиони ҷаҳон оид ба бокс дар намуди «WBC» («World Boxing Council») ва «WBB» даъвати боз як муштзани шинохтаи мексикоӣ Хорхе Риосро пазируфт.
«Пас аз ғалабаам бар Фермин Канедо Хорхе Риос маро ба муҳориба даъват намуд, ки онро сарбаландона қабул намудам ва ҳоло ба он дар Лас-Вегас барои ҳимояи шарафи Ватанам ва бори дигар бардоштани парчамамон омодагӣ мебинам. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикам ва барои муаррифии кишварам ба тамоми дунё уқёнусро тай намудаам», — гуфт Меҳрубон Сангинов ба мухбири АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи ӯ, муҳориба бо муштзани мексикоӣ 21 июли соли равон дар шаҳри Тихуани Мексика баргузор гардида, тариқи телевизиони мексикоӣ «Televisa» соати 7:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 ба вақти Душанбе) мустақиман пахш хоҳад шуд.
М. Сангинов ба суолҳо дар бораи рақиби навбатии мексикоияш чӣ маълумот дорад?; пеш аз муҳорибае, ки бори дигар дар ватани рақиб баргузор мешавад, чӣ эҳсосот дорад? ва дар маҷмӯъ, омодагиҳо ба ин муҳориба чӣ гуна ҷараён доранд? чунин посух дод:
«Муҳориба дар намуди вазни миёнаи 75 кг баргузор мешавад. Ростӣ, дар бораи рақибам чизе маълум нест, танҳо ҳаминро медонам, ки 7 ғалаба дораду 3 бохт. Вобаста ба омодагиҳо бояд гӯям, ки чун ҳамешагӣ хуб ҷараён доранд, худро дар ҳолати хуби ҷисмонӣ эҳсос мекунам ва метавонам бо боварӣ бигӯям, ки бар Хорхе ғолиб меоям».
«Таҷриба нишон медиҳад, ки варзишгар бояд дар мадди аввал ба худ бовар дошта бошад ва имкониятҳои худро барои ғалаба сазовор арзёбӣ намояд. Ва, албатта, меҳнати шабонарӯзӣ низ самараи воқеӣ медиҳад. Доир ба омодагӣ метавонам бо итминон бигӯям, ки ҳамааш хуб ҷараён дорад. Бо ман мураббии касбӣ Ҷастин Гамбер, ки чемпионҳои зиёдеро тамрин додааст, машғул мебошад», — иброз дошт М. Сангинов.
Ёдовар мешавем, ки Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Роҳбари Федератсияи бокси Душанбе ва аъзои ҲХДТ мебошад. Дар риштаи бокси касбӣ баромад мекунад. Дар ҳайати дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақона иштирок кардааст. Меҳрубон қаблан футболбоз буд ва дар ҳайати дастаи Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва ҳатто дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баромад кардааст.
«Бокси касбӣ- ин тиҷорат ва пулҳои калон аст. Барои ман, аз ҳама муҳим- ин баланд бардоштани парчам ва нуфузи Ватани азизам — Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Агар дар бораи пул фикр мекардам, он гоҳ ҳоло бонкдор ё ҳуқуқшинос ва ё ягон каси дигар будам ва ба бокс машғул намешудам. Яъне ба бокс на ба хотири пулу мол, балки ба хотири муаррифии Ватанам омадаам», — гуфт Меҳрубон Сангинов чанде пеш дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони «Сафина».
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳар маротиба эҳсос мекунад, ки тамоми Тоҷикистон дар паси ӯст ва маҳз бо чунин ангеза барои ғалаба ба даст овардан рӯи майдони бокс мебарояд.
Нигораи ФАЗЛИДДИН,
АМИТ «Ховар»
P.S. Ба Меҳрубон Сангинов дар муҳорибаи дарпешистодааш муваффақият таманно намуда, умедворем, ки ғалабаи навбатиро ба даст меорад.











«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






