МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ! Дар Душанбе нонпазхонаи нави миллӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба ҳунармандон, бахусус кадбонуҳои чирадаст бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухоро нонпазхонаи нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи расмии ин маркази хизматрасонӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо шароити кори он аз наздик шинос шуданд.
Бинои мазкур ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сохта шуда, дар дохили он ҷойҳои махсус, аз ҷумла, барои пухтани нони таҳмол, фатир, гирдача, чаппотӣ, дигар маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ омода гардидаанд.
Дар ин макон баробари фароҳам овардани шароити корӣ барои занони ҳунарманд, ҳамчунин ҷиҳати фароғату истироҳат ва истеъмоли хӯрокҳои миллӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Дар ин нонпазхонаи миллӣ 8 нафар бонувони ҳунарманд бо ҷойи кор таъмин гардида, ҳамарӯза ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Иштирокдорони ин чорабинӣ аввалин мизоҷони он гардида, аввалин маҳсулоти тайёрнамудаи ин бонувони кадбону, аз ҷумла, нону кулчаҳои ширмолро дастрас намуданд.
Мизоҷон маҳсулоти омоданамудаи ҳунармандон Фариштамоҳ Ашӯрова ва Зулайхо Ҳакимоваро чашида, ба ҳунари кадбонугии онҳо баҳои баланд доданд. Мизоҷон ҳамчунин изҳор карданд, ки ин макон ба ҷойи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.













«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад






