НАҚШИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ ВА МУАРРИФИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Гулистон ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд доир гардид

Июль 26, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимӣ-истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар  шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои муайянро барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он, бунёди инфрасохтори муосир, инчунин намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон мунтазам баргузор менамоянд.

Мавзӯи рушди соҳаи сайёҳӣ ба  Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2017 ворид гардида буд. Моҳи июли соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе якҷо бо Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «Саҳми ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди сайёҳии кишвар» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа 23   таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манзур гардиданд,  ки барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар самти рушди сайёҳии дохилӣ созгор буданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва пешбарандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд 18 июли соли равон дар Маркази таълимӣ-истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар  шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёрро дар мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» баргузор намуд.

Дар ҷаласа Р. Аҳмадзода – раиси вилояти Суғд, Ш. Азиззода — мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н. Саидов — Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ. Амирбекзода – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилоят иштирок ва андешаву пешниҳодҳои муфидро барои пешбурди самараноки соҳа иброз намуданд.

Ба сифати коршиносони мустақил А. Раҳимов — мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҷ. Юсупов — директори «Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон» дар шаҳри Хуҷанд, М. Мирзобаҳодурова — директори иҷроияи «Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон» сухан гуфта, ҷанбаҳои гуногуни проблемаҳои рушди сайёҳиро дар вилоят иброз намуданд.

Зимни мубоҳиса иштирокдорон оид ба ҳалли мушкилоти соҳа пешниҳодҳои зарурӣ иброз намуданд, ки онҳо дар айни замон аз ҷониби Котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

Бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар назди толори баргузории ҷаласа намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд доир карда шуд, ки дар он намудҳои гуногуни ашёи маҳсули дасти ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят манзури тамошобинон гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба имконият ва захираҳои сайёҳии вилоят, ҳавасманд гардонидани субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа корҳои зиёд ба анҷом расонида истодааст.

Бо қарори дахлдори раиси вилоят дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шудаанд, ки он ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Илова бар ин, дар дигар шаҳру ноҳияҳо аз шуъбаю бахшҳо мутахассисон барои пешбурди фаъолияти соҳаи рушди сайёҳӣ вобаста карда шудаанд.

Айни замон дар вилоят 24 ширкати сайёҳӣ, беш аз 50 меҳмонхона, 13 осоишгоҳ, 26 осорхона барои сайёҳон хизмат мерасонанд.

Дар қаламрави вилоят, дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузории конфронсу семинарҳо оид ба дарёфти роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии кишвар ва андешидани тадбирҳои дигари муассир ба роҳ монда шуда, дар ин замина аъзои Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пешрафти масъалаҳои ҳалталаби соҳа саҳми хешро гузошта истодаанд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд дорои заминаҳои хуби инкишоф мебошанд. Аз ҷониби ҳукумати вилоят барои рушди соҳаҳои мазкур корҳои дахлдор босуръат идома дошта, чандин форум, фестивал, озмун, намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳо баргузор гардида, марказҳои иттилоотӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ таъсис дода мешаванд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят диққати бештар ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидааст.

Тарзу усули ба роҳ мондани чорабиниҳои мазкур дар вилояти Суғд натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд ва метавонанд дар дигар минтақаҳои кишвар низ мавриди омӯзиш қарор гиранд.

 

Н. САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст