НАКӮӢ КУН… Муҳоҷири тоҷик бо рафтораш соҳибкори русро тасхир кард

Июль 12, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як муҳоҷири 33-солаи тоҷик бо баргардонидани беш аз сад ҳазор рубл ва санадҳои муҳим ба як соҳибкори рус ӯро ҳайратзада кардааст. Дар ин бора Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад.

Аҳмадҷон Расулов, сокини Роғун, рӯзи 11-уми июл дар назди шаҳрдории Якутски кишвари Ёқутистон ҳамёни бузургеро дарёфт намуда, муддати ду соат соҳиби онро ҷустуҷӯ ва пайдо кард ва амонатро баргардонд.

Вячеслав Владимиров, раиси ширкати «Профотсенка» дар Якутск, ки ҳамёни пур аз санадҳои муҳимашро дар маркази шаҳр гум кардааст, ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки ҳамён ва чунин маблағи бузургро баргардонанд.

«Ман дар воқеъ такон хӯрдам, чун агар ҳар каси дигар буд, 100 ҳазор рублро мегирифт ва ҳамёнро ба партовгоҳ меандохт. Барои ҳамин ин шахс инсони бовиҷдон ва хуб аст», – гуфтааст соҳибкори рус.

Вячеслав Владимиров

Вячеслав Владимиров аз хурсандӣ муҳоҷири тоҷикро ба навор гирифта, аз ӯ барои некиаш изҳори сипос кардааст. Ӯ, ки нимашаби 12-уми июл аз ин минтақаи дурдасти Россия бо Радиои «Озодӣ» сӯҳбат мекардааст, гуфтааст, дар ин замон инсонҳои ҷавонмард ба мисли Аҳмадҷон Расулов кам ҳастанд ва тоҷикон бояд бо ин гуна фарзандони худ ифтихор кунанд.

«Аҳмад яке аз намояндаҳои хуби миллати шумост. Ба волидонаш ташаккури зиёд, ки чунин фарзанди ҷавонмардеро тарбия кардаанд», – изҳор доштааст Вячеслав Владимиров.

Худи Аҳмадҷон Расулов дар амалкардаш қаҳрамоние намебинад ва мегӯяд, ҳар инсон бояд мисли ӯ рафтор кунад. Ӯ  гуфтааст, ки ҳангоми ронандагӣ дар маркази Якутск дар назди шаҳрдорӣ чашмаш ба ҳамёни бузурге афтод.

«Ҳамёнро аз назди мошини «Лексус» ёфтам ва гуфтам, зоҳиран ҳамён аз соҳиби ҳамин мошин аст. Дар тани мошин як ду бор задам, ки сигнализатсияаш кор кунад, соҳибаш биёяд, ҳамёнро баргардонам. Касе наомад, дар як курсие 15 дақиқа мунтазир шудам, баъд рафтам ба ҷойи кор», – гуфтааст Аҳмадҷон.

Бозгашт ба маҳалли ҳамёни гумшуда

Аҳмадҷон Расулов

Муҳоҷири тоҷик, ки ба таъмири хона дар Ёқутистон машғул аст, баъди бозгашт ба ҷойи кораш ҳамёнро боз карда, дар дохили он беш аз 100 ҳазор рубли русӣ, гувоҳиномаи ронандагии зану шавҳар ва кортҳои бонкиро мебинад.

Аҳмадҷон бо умеди пайдо кардани соҳиби ҳамён дигарбора ба маҳалле баргаштааст, ки ҳамёнро ёфта буд, аммо на мошини «Лексус»-ро пайдо мекунад ва на касеро, ки ҳамён ҷустуҷӯ дошта бошад. Андаки дигар мунтазир мешавад ва дигарбора ба ҷойи кор бармегардад.

Аҳмадҷон гуфтааст, бо яке аз афсарони пулиси Россия аз наздик ошноӣ дорад ва ба ӯ ҳодисаро нақл кард ва аз ӯ хоҳиш намуд, то дар пайдо кардани соҳиби ҳамён кумак расонад.

«Аз ӯ пурсидам, ки ҳамин гуна шахс ҳаст, гувоҳиномаи ронандагиаш чунин аст, мумкин аст бо ҳамин мушахассот хона ва суроғаашро пайдо кунем. Гуфт, мумкин аст, кӯшиш мекунем, кову шӯр мекунем, меёбем. Баъди ним соат, шиносам занг зад, як рақам фиристод ва гуфт, ки ба ҳамин рақам занг зан,  шояд ҳамин бошад», — нақл мекунад Аҳмадҷон.

Аҳмадҷон афзуд, ки баъди занг задан ба соҳибкори рус ному насабашро гирифта ва аз ӯ пурсидааст, ки оё чизеро гум кардааст. Вячеслав Владимиров аз тарси он ки дигар ҳамёнашро намебинад, аз Аҳмадҷон хостааст телефонашро қатъ накунад, чун ӯ ҳамон лаҳза ҳар куҷое, ки бошад, ба наздаш меояд.

«Аммо ман гуфтам, ки шумо нигарон набошед, ман андаке дуртар ҳастам, худам ба наздатон меоям, тамоми санадҳоятон дар ҷояш ҳаст, касе нарасидааст», – мегӯяд Аҳмадҷон.

Ҳар қадар мехоҳӣ пул бигир

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, баъди ним соат ба назди соҳибкори рус омад ва ҳамёнро ба ӯ баргардонд. Ба гуфтаи Аҳмадҷон, соҳиби ҳамён аслан пулашро ҳисоб накард ва фақат гуфт, бовар намекард, ки дар «ин замона чунин инсонҳое пайдо мешаванд».

Аҳмадҷон Расулов афзуд, соҳибкори рус пулҳояшро баъдан ҳисоб кард ва гуфт, ки ҳар қадар мехоҳӣ бигир, аммо «ман гуфтам, ки ин пули шумост, ба ман лозим нест, аммо маҷбур кард ва 10 ҳазор рубл ба ман дод».

Вячеслав Владимиров саҳнаи гуфтугӯяш бо Аҳмадҷон Расуловро сабт кардааст ва дар он мегӯяд, ки «дар ҳаққи ҳеҷ як миллат набояд бад гуфт, чун ба ҷои ин ҷавон агар  каси дигаре мебуд, шояд барнамегардонд».

Аҳмадҷон Расулов гуфт, мухолифи ба навор гирифтанаш буд, аммо соҳибкори рус гуфтааст, наворро барои он мегирад, то нишон бидиҳад, ки чунин ҷавонмардоне ҳастанд.

Аҳмадҷон Расулов, сокини ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун аст ва панҷ сол боз барои кор ба Россия меравад. Ҳамсар ва се фарзанди ӯ дар Тоҷикистон зандагӣ ба сар мебаранд. Дар Россия ба корҳои муваққатӣ машғул аст. Бо дархости сокинон хонаҳои онҳоро таъмир мекунад.

Таъсири ин рафтор ба зеҳни мардум

Азбаски дар  воситаҳои ахбори  Россия доир ба муҳоҷирон аз Осиёи Миёна гузоришҳои манфӣ зиёд аст ва номи онҳоро аксаран ба маводи мухаддиру қатлу таҷовузу терроризм  иртибот медиҳанд, мардуми таҳҷоӣ аз чунин рафтори муҳоҷирон ҳайратзада мешаванд.

Муҳаммадсалим Ёқубов, муҳоҷири 46-солаи тоҷик, ки наздики 20 сол боз дар Россия кор мекунад, рӯзи 11-уми июл ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст: «Вақте мо аз наздик бо сокинон ошно мешавем ва хубие барояшон мекунем, ҳайрон мешаванд ва мегӯянд, бовар надоштанд, ки муҳоҷирон одамони хубанд. На танҳо нисбати тоҷикон, балки нисбат ба қирғизҳову ӯзбекҳо низ чунин муносибат вуҷуд дорад».

Мақомоти тоҷик мегӯянд, накӯкориҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад  нигоҳи манфӣ ба муҳоҷиронро тағйир бидиҳад. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия рӯзи 11-уми июл ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки  онҳо ҳамеша муҳоҷиронро ба накӯкорӣ ташвиқ мекунанд, чун рафтори шоистаи муҳоҷирон эҳтироми сокинони бумиро нисбат ба онҳо бештар мекунад.

Июль 12, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад