НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Хабарнигорон аз хизматрасонии кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шикоят карданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбута шомиланд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Алҳол аз ҷониби ин гурӯҳи корӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз ҷой доштани камбудиву нуқсонҳо дар хизматрасонии кормандони бахшу шуъбаҳо ва раёсатҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба аҳолӣ изҳори нигаронӣ карданд. Хабарнигорон бахусус аз он шикоят карданд, ки барои гирифтани як ҳуҷчати одӣ — маълумотнома аз ин мақомот соатҳо дар навбат истодан зарур меояд. Ҳатто барои дастрас намудани он гоҳҳо чанд рӯз сарф мешавад, зеро дар ин мақомот қабули шаҳрвандон аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад.
Рустами Шоҳмурод дар ҷавоб ба суоли мазкур иброз дошт, ки мутаассифона, яке аз сабабҳои рух додани чунин камбудиҳо кам будани теъдоди хизматчиёни давлатӣ, яъне воҳидҳои корӣ дар мақомоти мазкур мебошад. Дар ин бахшу шуъбаҳо 2-3 нафар кормандони САҲШ ба теъдоди зиёди мардум хизмат мерасонанд ва ин табиист, ки ба фаъолияти пурсамари онҳо халал ворид месозад.
«Мо аз ин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти САҲШ воқиф ҳастем. Ин масъаларо борҳо дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор додаем. Таҳлилу баррасӣ ва дарёфти роҳи ҳалли ин масъала ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши масъулини вазорат қарор дорад. Итминон дорем, ки ин масъала ба зудӣ ҳалли худро меёбад», -изҳор дошт Р. Шоҳмурод.
Р. Шоҳмурод ва муовинони ӯ ба дигар суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти вазорати мазкур посух доданд.








Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






