ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳарорати баланд то 4 рӯзи дигар идома меёбад

Июль 10, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон дар назар аст. Дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат рӯзона 43 дараҷа боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то 14 июл идома хоҳад ёфт. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри беғубор шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе софу беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июль 10, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад