Пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва ташкили шаффофи фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилотӣ
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, пешгирии ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳое, ки ба вайрон шудани қонун мусоидат мекунанд, 6 июли соли равон дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо котибони масъули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид вобаста ба риояи талаботи «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт.
Иштирокчиёни ҷамъомад оид ба риояи қонун ва пешгирии ҳолатҳое, ки ба вайронкунии қонун мусоидат мекунанд, пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ дар фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар фарҷом миёни иштирокдорону масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






