Сафорати Амрико ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбӣ ба ҳодисаи дар ноҳияи Данғара рухдода миннатдорӣ баён намуд

Июль 31, 2018 11:32

ДУШАНБЕ, 31.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо ба ҳодисаи рухдода миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомот дар раванди тафтишот давом медиҳад», — гуфта мешавад дар сомонаи расмии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

29-уми июли соли ҷорӣ ду шаҳрвандони дучархасавори амрикоӣ дар натиҷаи пахши мошин дар ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд.

«Мо ин ҳамлаи ғайримунтазириро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем», — омадааст дар хабари Сафорати Амрико.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъкид менамояд, ки Сафорат ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд.

Июль 31, 2018 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон