Сафорати Туркия дар Тоҷикистон: «Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ду сол қабл бо дастгирӣ ва муқовимати қаҳрамононаи мардум кӯшиши табаддулоти хоинонаро пешгирӣ намуд»
ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ба муносибати 2-юмин солгарди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия (15 июли соли 2016) нишасти матбуотӣ баргузор намуда, матни баёнияи матбуотии ин ҳамоишро пешкаши АМИТ «Ховар» кард.
«Ду сол қабл аз ин, 15 июли соли 2016, як гурӯҳи мансуб ба Созмони террористии Фетҳуллаҳ (ФЕТО), ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Туркия реша давонда буд, даст ба табаддулоти ҳарбӣ зада, барои тағйир додани ҳукумати бо роҳи қонунӣ ва демократӣ интихобшудаи Ҷумҳурии Туркия иқдом намуд. Ин террористҳои бевиҷдон ба тарафи шаҳрвандоне, ки бар зидди ин табаддулот муқовимат нишон медоданд, бераҳмона оташ кушода, муассисаҳои асосии Ҷумҳурии Туркия, махсусан Қасри Президент ва бинои Маҷлиси бузурги миллиро бомбаборон карданд», — омадааст дар баёния.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия бо дастгирӣ ва муқовимати қаҳрамононаи мардум кӯшиши табаддулоти хоинонаро пешгирӣ намуд ва демократияи Туркия наҷот дода шуд. Кӯшиши табаддулоти хоинонаи рӯзи 15 июл бузургтарин амали террористӣ дар таърихи Ҷумҳурии Туркия мебошад, ки дар рафти он 249 шаҳрванд ҳалок гардида, зиёда аз 2000 нафар захмдор шуданд».
«Дар паси ин кӯшиши табаддулоти хунин Фетҳуллаҳ Гюлен ва муридони ӯ қарор доштанд. Ӯ дар давоми чандин сол ба муридони худ амр медод, ки дар муассисаҳои муҳими давлатӣ, ба монанди артиш, амният ва суд нуфуз пайдо намоянд. Пайравони Гюлен як мисоли одӣ барои нишон додани ифротгароии одамон дар партави шахспарастӣ мебошанд. Инҳо Гюленро Масеҳ шуморида, танҳо нисбат ба ӯ изҳори садоқат менамоянд ва аз ҳамин сабаб, ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ худро ба ҳеҷ гуна қоидаҳои ҳуқуқӣ, динӣ ва ахлоқӣ вобаста намедонанд. Онҳо алоқамандии худро бо Гюлен махфӣ нигоҳ дошта, бидуни зери шубҳа мондан ба мақомҳои баланд дар муассисаҳои давлатӣ роҳ ёфта истода буданд. Ба истилоҳи дигар, Созмони террористии Фетҳуллаҳ, ки бар пояи усулҳои дурӯягӣ ва пинҳонкорӣ ташкил гардидааст, намунаи нави ташкилоти террористӣ мебошад», — зикр шудааст дар изҳороти матбуотии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон.
Мақомоти Туркия системаи иртиботии «Bylock» (Байлок)-ро, ки аз ҷониби аъзои Созмони террористии ФЕТО истифода бурда мешуд, рамзкушоӣ карданд. Ҳамин тавр, ҳамаи аъзои Ташкилоти террористии ФЕТО аз ҷониби мақомоти амниятӣ муайян карда шуданд. Нисбат ба ин шахсон мурофиаи судӣ идома дорад. Илова бар ин маълум гардид, ки ФЕТО дар баробари системаи иртиботии «Bylock» барномаи дигарро бо номи «Morbeyin kumpası» ҷорӣ намуд. Ҳадаф аз ин барнома эҷоди тасаввуре буд, ки шахсони ба созмони террористии ФЕТО иртиботнадошта ҳам истифодабарандагони системаи иртиботии «Bylock» мебошанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






