САЁҲАТ БО ҲАВОПАЙМОҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд корҳои эҷодиву навоварии наврасону ҷавонон вусъат меёбанд

Июль 16, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шогирдони бахши авиамодели Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Абдулатиф Ҳакимов, Дилшод Назаров ва Ҷамшед Назиров ҳамроҳ бо устодашон  Ҷалол Раҳимов ангораи ҳавопаймои   тамғаи  ДБАА ЧД-01 «Сомон»-ро муаррифӣ намуданд.

Чанде пеш ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» зери унвони «Ҷавонон- созандагони ватан», ки 2 апрел оғоз ёфта, то 28 сентябри соли равон идома меёбад,  ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ,  вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафарбар гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин Вазорат хабар доданд, гуруҳӣ корӣ зимни сафар дар вилояти Суғд аз Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дидан намуд.

Роҳбари Марказ Фирдавс Ашурмадов дар вохӯрӣ иброз намуд, ки дар вилояти Суғд 28 адад маркази таҳсилоти иловагӣ дар 18 шаҳру ноҳия арзи вуҷуд доранд ва зиёда аз 1000 нафар наврасону ҷавонон аъзои чунин марказҳо мебошанд.

«Мо боварӣ дорем, ки оянда аз чунин шогирдон ихтироъкорони бузург тавлид меёбанд ва мо  тавассути тайёраҳои истеҳсоли Тоҷикистон саёҳат  хоҳем кард»,-иброз дошт А.Фирдавс.

Июль 16, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад