Сокинони Тоҷикистон назди Сафорати ИМА гул мебаранд ва изҳори ҳамдардиву ҳамраъйӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз субҳи имрӯз ба хотири пос доштани хотираи сайёҳони фавтида сокинони Тоҷикистон ба назди Сафорати ИМА дар Душанбе омода, гулу гулдастаҳо гузошта истодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Сокинони Душанбе ба поси хотираи шаҳрвандони Америка, ки бар асари ҳамла ба велосипедронон дар ҷануби Тоҷикистон ҳалок шуданд, ба назди бинои Сафорати ИМА гул мебаранд. Дар даромадгоҳи Сафорат мизе гузошта шудааст, ки дар он гулҳоро гузошта, дар китоб ёддошт-ҳамдардӣ менависанд.
«Мо мехоҳем, ки сокинони одии америкоӣ донанд, ки мо бо онҳо ҳамрайъ ва ғамшарикем», — гуфт яке аз сокинони ба назди сафорат омадаи пойтахт.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ҳамла ба гурӯҳи сайёҳон-велосипедронон 4 нафар ҳалок гардиданд. Ду нафари онҳо шаҳрвандони ИМА, яке аз Швейтсария ва дигаре аз Нидерландия буданд.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Доналд Трамп, Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсет барқияҳои тасаллият ирсол намуданд. Дар барқияҳо, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Дар навбати худ, шабакаи телевизионии «CNN» бо истинод ба хабари Сафорати ИМА дар Душанбе, ки дар робита ба ин ҳодиса дар саҳифаи «Facebook»-и сафорат нашр гардидааст, иттилоъ дод, ки намояндагии ИМА ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик барои изҳори ҳамдардӣ ба наздикони фавтидагон миннатдорӣ намуд.
«Мо ин бераҳмии ҳамлагаронро шадидан маҳкум намуда, хуб дарк менамоем, ки чунин амал ба хислати азалии тоҷикон, ки меҳмоннавозу меҳрубонанд, ҳеҷ рабте надорад», — омадааст дар хабар.
«Сафорати ИМА дар робита ба ҳодисаи дар Данғара рухдода бо мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкории зич мебошад», — хабар дод «АП» бо истинод ба масъули бахши иттилоотии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷефф Риденор.
Ба гуфтаи ӯ, Сафорат бераҳмии ҳамлагаронро маҳкум менамояд.
«Мо ба хонаводаи қурбониён ҳамдардии худро мерасонем. Гарчанде тафтишот идома дорад, вале далелҳои барқасдона будани ин ҳамла мавҷуданд. Мо ин бераҳмии ҳамлагаронро шадидан маҳкум намуда, хуб дарк менамоем, ки амали онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ хоси мардуми меҳрубон ва меҳмоннавози Тоҷикистон нест»,- гуфт ӯ.
Ҳамзамон масъулияти ҳамларо ташкилоти террористии ДОИШ (Давлати исломӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифт. ВКД Тоҷикистон дар ташкили ин ҳодиса Ҳизби наҳзати исломиро, ки бо ташкилотҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла ДОИШ робитаи дерина дорад, айбдор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар тадқиқоти журналистии чанде қабл интишоргардидаи нашрияи мисрии «Ал-Аҳром» рӯирост ишора шудааст, ки «миёни ду ташкилоти террористӣ – ТТЭ «ҲНИ» ва ДОИШ дар самти кумаки логистикӣ ва омода намудани кадрҳо ҳамкорӣ мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки аъзои зиёди ТТЭ «ҲНИ» дар сафти ДОИШ дар Сурияву Ироқ меҷанганд».











ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






