Сунатулло Исроилов дар иёлати Ню – Ҷерсии ИМА ғолиби мусобиқаи теннис гардид
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Сунатулло Исроилов дар Мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Ассотсиатсияи тенниси ИМА дар иёлати Ню – Ҷерси ғолиби ҷои аввал гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз 6 то 9 июли соли равон доир шуда, дар он 32 варзишгари маъруфи ҷаҳон байни ҳам рақобат намуданд.
Сунатулло Исроилов дар сабқати аввал бо варзишгари маъруфи Ҳиндустон Ховард Шерман, дар сабқати дуюм бо варзишгари Украина Пётр Гремлич, дар даври сеюм бо варзишгари Амрико Кевин Ллинитс бозӣ карда, маҳорати баланди касбӣ нишон дод ва ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.
Дар даври нимфиналӣ Сунатулло Исроилов бар варзишгари Германия Прозанно Фернандо ғолиб омада, дар бозии финалӣ бо варзишгари Амрико тибқи ҳисоби 6/1, 6/3 сазовори ҷои аввал гардид.
Мавриди зикр аст, ки Сунатулло Исроилов се маротиба дар мусобиқаи мазкур дар иёлатҳои Флорида, Ню – Ҷерсӣ ва Ню – Йорки Амрико иштирок намуда, сазовори ҷои аввал мегардад.
Сунатулло Исроилов айни замон дар Академияи тенниси ба номи Ҷонс Гарсияи иёлати Флоридаи Амрико тамрин намуда, барои иштирок дар Ҷоми Девис, ки соли 2019 баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






