Таэквондочиёни навраси тоҷик аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 20 медал баргаштанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайи ду рӯз мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ИТФ миёни кӯдакон ва наврасон баргузор шуд, ки дар он дар қатори варзишгарони Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳам ширкат варзид.
Ба иттилои сармураббии дастаи наврасон оид ба таэквондои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Султонов, дар мусобиқаи мазкур беш аз 50 нафар таэквондочиёни навраси тоҷик иштирок намуданд.
Баъд аз рақобатҳо дар ду навъи ин намуди варзиш — «тули» ва «спарринг» таэквондочиёни тоҷик ба дарёфти 10 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ даст ёфтанд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






