ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН: дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат машғуланд
ФАЙЗОБОД, 11.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод истироҳатгоҳи берун аз ноҳиявии «Дурахшон» амал менамояд, ки дар ду басти он 260 нафар хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Ҳоло дар истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба даври дуюм қабул доранд. Дар мадди аввал ятимону нимятимон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.
Тибқи иттилои раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Файзобод Зуҳро Ғаффорова, барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 93 ҳазору 660 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар истироҳатгоҳи мазкур кӯдакону наврасон аз рӯи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия ба машғулиятҳои варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин мешаванд.
Масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1000 нафар кӯдак лагерҳои солимгардонӣ ташкил намудаанд, ки то охири мавсим 1600 нафар наврасон дар ҳамаи шаклҳои истироҳатгоҳҳо ба фароғати тобистона фаро гирифта мешаванд.













Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






