Телевизиони вилояти Суғд соҳиби бинои иловагии корӣ мегардад

Июль 14, 2018 10:24

ХУҶАНД, 14.07.2018.  /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бинои иловагӣ бунёд мегардад. Бинои мазкур бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир баҳри фаъолияти кормандон шароити боз ҳам фароху беҳтар фароҳам меоварад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дирӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи раванди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии чанд иншооти иҷтимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд аз Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд боздид намуд. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии бинои иловагӣ раиси вилоят пудратчиёну сохтмончиёнро даъват кард, ки иншооти мазкурро бо маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати хуб ба истифода диҳанд.

Зикр шуд, ки телевизион воситаи муҳими тарбия буда, ҳар як барномаи он бояд ҳадаф дошта бошад, то инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми назарраси кормандони телевизион дар инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла, ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти он ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмун ва мундариҷаи барномаҳо, инчунин ташкили барномаҳои махсус барои кӯдакон тавсияҳои муфид дод.

28 сол пеш дар фазои иттилоотии вилояти Суғд шабакаи телевизионӣ  ба фаъолият шурӯъ кард.  Санаи таъсиси он 15 декабри соли 1990 ба ҳисоб рафта, он яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.  Барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш шуда, давоми фаъолияти хеш он барои инъикоси мавзӯъҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои ҷумҳурию вилоят саҳми назаррас дорад.

Имрӯз теъдоди тамошобинони телевизиони вилоятӣ қариб ба 2 млн нафар расида, барномаҳои он дар як шабонарӯз ҳаждаҳ соат пахш мегарданд. Барномаҳои онро на танҳо сокинони 18 минтақаи вилоят, балки дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон низ тамошо менамоянд.

Боиси зикр аст, ки телевизиони вилояти Суғд дар байни бинандагон яке аз маҳбубтарин ва аз ҷиҳати возеҳияти иттилоот раками якум шуморида шуда, он чун ҳамқадами истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷуҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баробари беҳтар намудани шароити кори кормандон, инчунин сифати техникии пахш ва фарогирии он низ бомаром хубтар мегардад.

Июль 14, 2018 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд