Вазорати корҳои дохилӣ ду кормандашро барои вайрон кардани оинномаи интизомӣ танбеҳ дод

Июль 5, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба ду нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомии «Танбеҳ» татбиқ карда шуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд,  ин татбиқи ҷазо пас аз баррасии хабари Ҷамшед Олимов, ки 18 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам» дарҷ гардид,  амалӣ шуд. Дар он оид ба лату кӯби як мард аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе хабар дода мешуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16 июни соли 2018, соати 14:30 навбатдори фаврии қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия М.С. Одинаев қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия М.И. Асоевро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.

«Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия М.И. Асоев ва навбатдори фаврии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия М.С. Одинаев ҷазои интизомии «танбеҳ» татбиқ карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки телефони боварии 221-21-21 ва «Мадад-1919» ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.

Июль 5, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад