Ғафур Расулов: «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайкест аз равандҳои рушди ҷомеаи иҷтимоӣ»

Август 16, 2018 09:46

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» қадами муассирест дар самти татбиқи яке аз санадҳои муҳими давлатӣ-Cтратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таҳлили макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ғафур Расулов.

 

Ҳамсуҳбат афзуд, ки тибқи  ин Фармон андозаи музди меҳнат, нафақа ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар ин росто, дар самти баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияи донишҷӯён  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ  зоҳир менамояд ва ин масъала дар санадҳои муҳим,  аз  ҷумла дар  паёмҳои Пешвои миллат зикр гардидааст.

Аз ҷумла, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олӣ аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат,  нафақа ва стипендия ироа гардида буд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони ҷумҳурӣ омадааст, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз,   музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешаванд.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешаванд.

Яъне,  Фармони Президенти мамлакат дар бораи  аз 1 сентябри соли равон зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни
давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа
ва стипендия аз Паёми Пешвои миллат сарчашма мегирад ва ба тамоми мақомотҳои марбутаи мамлакат ҷиҳати татбиқи он супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Ғафур  Расулов афзуд, ки ба имзо расидани Фармони Президенти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани  маош, нафақа ва стипендия дар  шароити кунунии вазъи  бӯҳронии ҷаҳони муосир, ки равандҳои бӯҳрони молиявӣ ба бархе аз кишварҳои муқтадири дунё ҳам таъсир расонидааст, хеле муҳим мебошад. Аз ҷумла асъори хориҷие, ки ба иқтисоди  кишвари  мо таъсиргузор ҳастанд,  ба мисли асъори миллии Россия-рубли русӣ, ки қурбаш поён фаромад ва ё доллари америкоӣ, ки қурбаш баланд гардид. Дар ин росто, бо назардошти ин мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи он иқдом ва корҳои мушаххасро анҷом доданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд ва нақши муассир мегузорад.

«Новобаста ба таъсири  баъзе омилҳои беруна, хусусан буҳрони молиявӣ,  зарфи солҳои охир дар минтақаҳои кишвар ҳаҷми сармоягузориҳои дохилӣ бештар гардида, корхонаҳои  хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шудаанд. Зеро вақте иқтидорҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд, даромад бештар мегардад. Аз фурӯш ва содироти онҳо фоида ба даст меояд, буҷети кишвар ғанӣ гардида, иқтисодиёти миллӣ  рушд меёбад»,-афзуд сардори  Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То ҷое мусаллам аст, соли равон чархаи аввали Неругоҳи Барқи  Обии «Роғун» ба кор андохта мешавад. Корхонаи бузурги саноатӣ  «Тоҷиказот» дар ҷануби мамлакат фаъолияташро барқарор менамояд,  ки бахши кишоварзии мамлакатро  бо неруҳои азотӣ    таъмин мекунад. Ин корхона бо сармоягузории  Чин фаъолияташро барқарор, менамояд, ки иқтидори солонаи он истеҳсоли  сад ҳазор тонна  маҳсулот  мебошад.  Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи солҳои охир дар бахши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба дастовардҳои бузург  ноил гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1 миллион тонна семент  истеҳсол менамуд, ки ин омор алҳол ба 3 миллион тонна мерасад ва беш аз 850 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар ба давлатҳои ҳамҷавор,   назири  Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон  содирот карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки  ба  фаъолият оғоз намудани корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешаванд, ки ин раванд ба баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа,  стипендия, беҳтар гардидани сатҳи идоракунӣ,  зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда, беҳтар намудани  сатҳи иҷтимоии ҷомеаи кишвар, паст намудани сатҳи камбизоатӣ  ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

 

Алҳол  сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 27 фоизро ташкил медиҳад ва тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030  дар соли 2030 ин омор то 15 фоиз коҳиш меёбад.

Яъне  аз Фармони ба имзо расонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти  беҳтар намудани  сатҳи зиндагии  мардум, ҳифзи  иҷтимоии онҳо иқдомҳои хеле муҳимро андешидааст ва он қадами муассирест  дар самти  ташаккули  равандҳои ҷомеаи  иҷтимоӣ.

                                Марзия САИДЗОДА,

 АМИТ «Ховар»

 

 

Август 16, 2018 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд