«АМАЛИ ЗОЛИМОНАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!». Изҳороти Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир ба куштори сайёҳони хориҷӣ

Август 1, 2018 16:25

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон амали фоҷеабори гурӯҳи душманони миллатро нисбат ба сайёҳони хориҷӣ, ки боиси марги 4 нафар шаҳрвандони кишварҳои Америка, Голландия ва Швейтсария гашт, қотеона маҳкум карда, аз мардуми тоҷик даъват ба амал овардааст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазири худро нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятии моҳиятан дорои хусусияти ифротию тундгароӣ нишон диҳанд:

Ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо ин амали ваҳшиёнаи худ мехостанд вазъи дохилии моро халалдор карда, номи миллати бошарафи тоҷикро доғдор намоянд. Чунон ки маълум аст, имсол аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва имрӯзҳо роҳбарияти олии кишвар ба ин самти сердаромади ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар дорад.

Албатта, ин пешравиҳо чашми нотавонбинони моро хира месозад ва ба ҳар роҳу васила мехоҳанд ба оромиву суботи кишвари мо, ки кабӯтарони сулҳ дар фазои софу беғубораш болафшонӣ мекунанд, латма ворид намоянд.

Халқи тоҷик аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи хушу босаодат расидааст ва ягон амалу қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад. Мо ба ояндаи неку амалигардии ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.

Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордили тоҷик даъват ба амал меорад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазири худро нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти зидди ҷамъиятии моҳиятан дорои хусусияти ифротию тундгароӣ нишон диҳанд, аз ҳар вақта бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд.

 

Кумитаи иҷроия ва Шӯрои
куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Август 1, 2018 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон