Барои дарёфти ҷоизаи Зебуниссо Рустамова мусобиқаи камонварӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 августи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи кушод оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи медали Бозиҳои олимпӣ Зебуниссо Рустамова доир шуда, дар он зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз дастаҳои «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Суғд-1», «Суғд-2» ва ШНТМ иштирок менамоянд.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи камонварӣ байни калонсолон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






