Бозиҳои Осиё-2018: бори аввал дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол сафарбар мегардад

Август 9, 2018 14:47

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё доир гардид, ки дар он муовинони президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар шудаанд, иштирок намуданд. Дар маросими гусели варзишгарони тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН ширкат варзид.

Ба иттилои номбурда, тавре сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи  варзиши   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров зикр кардааст,  шурӯъ аз 10 август тибқи  тақсимоти ҷавали баргузории чорабиниҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар мешаванд.

«Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 110 нафар, аз ҷумла, 80 варзишгар ба Бозиҳои Осиё сафарбар шудаанд. Ба барномаи Бозиҳои Осиё 40 намуди варзиш ворид шуда, варзишгарони мо дар 15 намуди он иштирок мекунанд»,-илова намуд Носир Бозоров.

Таъкид шуд, ки дар таърихи футболи кишвар бори аввал дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои мазкур сафарбар мегарданд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, барои  сафарбар кардани варзишгарон бори аввал федератсияҳои варзишӣ иқдом карданд.  Бонки миллӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд низ варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар бозиҳо дастгирии молиявӣ намуданд.  Ҳамчунин дастаи мунтахаб аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ пурра бо либоси варзишӣ таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпии кишвар як миллиону яксаду ёздаҳ ҳазору панҷсаду шаст сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки варзишгарони Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок намуда, сазовори 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидаанд.

Ёдрас менамоем, ки Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад.

 

Август 9, 2018 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд