БОЗИҲОИ ОСИЁ: Комроншоҳ Устопириён соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия аз рӯи намуди гӯштини дзюдо медали биринҷӣ ба даст овард, ки ин чорумин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.
Комроншоҳ дар сабқати мардон дар вазни то 90 кг нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз гӯштингири муғул Алтанбагана Гантулга шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, Комроншоҳ дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ барои медали биринҷӣ бо Ислом Бозбоеви қазоқ мубориза бурда, медали биринҷиро соҳиб шуд
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 25 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 15 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






