БОЗИҲОИ ОСИЁ :назаре ба таърихи онҳо. Қисми 3

Август 30, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 30.08.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Гузаронидани сеюмин давраи Бозиҳои осиёро баъди чор соли Бозиҳои 2-юм дар Филиппин Кумитаи ташкилии мусобиқот дар  шаҳри Токиои Япония муқаррар кард. Кишварҳои Шарқи Осиё барои барпо кардани чунин чорабиниҳои варзишии сатҳи баланд омода буданд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ  ба натоиҷи Бозиҳои сеюм ва чорум  назар кард.

Соли 1958  Бозиҳои сеюми Осиёро пойтахти Япония, шаҳри Токио бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифт. Якбора шумораи варзишгарони иштирокдор аз ҳазор гузашта, нисбат ба Бозиҳои дуввум ду маротиба бештар гардид. Ба Токио  1820 варзишгар аз 16 давлат ҳозир шуд. Таваҷҷӯҳ ба намудҳои дигари варзиш низ хеле боло рафта, ба барномаи Бозиҳо 13 намуди варзиш шомил карда шуд.

Расми ифтитоҳи Бозиҳо дар Варзишгоҳи Миллии Олимпии шаҳри Токио 24-уми майи соли 1958 бо ҳузури шахсони барӯманди кишварҳо ва 70 000 тамошобин гузашт. Бори аввал машъали Бозиҳои осиёиро аз шаҳри Манилаи Филппин фурӯзон карда, ба пойтахти Япония –шаҳри Токио оварданд. Бори аввал машъал дар Бозиҳои осиёӣ, мисли Бозиҳои олимпӣ истифода шуд. Онро аввалин чемпиони Бозиҳои Олимпӣ аз Осиё Микио Ода (Mikio Oda), ки соли 1928 дар ҷаҳиши сеҳарба ғолиб омада буд, фурӯзон кард.

Бозиҳои осиёии сеюм дар Токио аз 24-уми май то 1-уми июн идома ёфтанд.

Натиҷаи медалҳо дар Бозиҳои 3-юми осиёӣ:

БОЗИҲОИ 4-УМИ ОСИЁ

Бори аввал Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия  соли 1962 гузаронида шуда буданд ва имсол, соли 2018 низ ин кишвар дубора мизбонии ин бозиҳоро ба дӯши худ гирифт.

Бозиҳои осиёии чорум аз 24-уми август то 4-уми сентябри соли 1962 дар пойтахти Индонезия –шаҳри Ҷакарта гузаронида шуданд. Нисбат ба чор соли пеш шумораи иштирокдорони мусобиқот қоҳиш ёфт ва аз 1820 нафар варзишгари соли 1958 он ба 1460 нафар дар соли 1962  баробар шуд. Ададаи давлатҳо низ хеле кам гардиданд ва акнун 12 давлат аз рӯи 13 намуди варзиш бо ҳам рақобат мекард.

Сабаби асосии кам шудани давлатҳои иштирокдор  дар Бозиҳои чорум  ин муноқишаҳои сиёсии байни давлатҳо  маънидод мешавад.  Федератсияи бозиҳои осиёӣ пеш аз оғози Бозиҳо эълон карда буд, ки ба ҳамаи давлатҳо новобаста ба муносибатҳои дипломатиашон бо Индонезия иҷозаи вурудро (раводид) таъмин мекунад, аммо дар ин поя норозигии давлатҳои арабӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Индонезияро маҷбур кард, ки ба кишварҳои Исроил ва ҳамчуни Ҷумҳурии мардумии Чин раводид надиҳад. Аз ин рӯ Исроил ва Чин ба Бозиҳои чоруми осиёӣ омада натавонистанд.

Натиҷаи Бозиҳои 4-уми осиёӣ:

Август 30, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид