БОЗИҲОИ ОСИЁ :назаре ба таърихи онҳо. Қисми 4

Август 31, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 31.08.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 1966. Дар  тӯли чор соле, ки аз Бозиҳои осиёии соли 1962 паси сар шуд, дар сиёсати давлатҳои Осиё тағироти мусбӣ ба  амал омад. Паҳлӯҳои сиёсии муносибатҳои  байниҳамдигарӣ ба варзиш таъсиргузор набуданд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ  шарҳи худро дар бораи Бозиҳои осиёӣ ё худ Азиада идома медиҳад. 

 Таиланд, боз як кишвари зебою афсонавӣ мароқ зоҳир кард, ки Бозиҳои осиёии соли 1966-ро мизбонӣ кунад.  Довталабони гузаронидани Бозиҳо дар он замоне, ки тараққиёту пешравӣ нисбатан сусттар буд ва маблағҳои калонро талаб мекард,  кам буданд. Баъдан шаҳри Банкок-пойтахти Таиланд варзишгоҳҳое дошт, ки барои баргузории мусобиқоти сатҳи баланд ҷавобгӯ буданд.

Ба ҳамин тартиб Бозиҳои панҷуми осиёӣ аз 9 декабр то 20-уми декабри соли 1966 дар пойтахти Таиланд-шаҳри Банкок гузаронида шуданд. Шумораи рекордии варзишгарон, ки 1945 нафарро ташкил медод, ба мусобиқа омаданд. Ин навбат ягон монеаи сиёсӣ пеши роҳи иштироки варзишгарони Исроил ва Тайбейи Чинро гирифта натавонист. Мусобиқаҳо аз рӯи 14 намуди варзиш гузаронида шуданд. Бори аввал  волейбол, ки намоишӣ буд, ба номгӯи бозиҳо ворид карда шуд.

Намудҳои варзиш

·          Варзиши сабук

·          Баскетбол

·          Бокс

·          Велосипедронӣ

·          Чавгон

·          Футбол

·          Тирпарронӣ

·          Шиноварӣ

·          Тенниси рӯи миз

·          Теннис

·          Волейбол

·          Вазнбардорӣ

·          Гӯштингирӣ

 Варзишгарони Япония аз нахустин Бозиҳои осиёӣ сар карда, пешсафиро аз даст намедоданд ва дар ҳама намудҳои варзиш ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегардиданд. Бозиҳои панҷуми осиёӣ низ истисно набуданд.

Натиҷаи Бозиҳои V-уми осиёӣ дар Таиланд

БОЗИҲОИ 6-УМИ ОСИЁ:

Кумитаи ташкилии Бозиҳои осиёӣ дар ҷаласи худ макони гузаронидани Бозиҳои 6-уми осиёиро дар Ҷумҳурии Корея муайян кард. Дастаҳо барои иштирок дар ин Бозиҳо омодагии пухта медиданд. То ин муддат панҷ кишвар мизбони Бозиҳои осиёӣ гардида буд, Ҳиндустон, Филиппин, Япония, Индонезия ва Таиланд. Шашумин Бозиҳои осиёиро қисмати норӯшан интизор буд. Ҷумҳурии Корея пеш аз оғози мусобиқа ба Кумитаи ташкилӣ дарак дод, ки аз нигоҳи молиявӣ ва вазъи сиёсӣ наметавонад Бозиҳои осиёии шашумро дар кишвараш барпо кунад. Аз хатару таҳдиди Кореяи Шимолӣ Кореяи Ҷанубӣ ҳарос дошт ва ба амнияти варзишгарон кафолат дода наметавонист. Аммо роҳи ҳалли ин масъала пайдо шуд. Дубора гузаронидани ин мусобиқа ба Таиланд вогузор гардид. Масъалаи маблағгузориро Кореяи Ҷанубӣ ба дӯши худ гирифт.

Таиланд тақрибан барномаи гузаронидани Бозиҳои 6-умро нисбат ба Бозиҳои 5-ум тағйир надод. Боз аз 9-уми декабр то 20-уми декабр вақти гузаронидани Бозиҳо муқаррар шуд.

Ба Бозиҳои шашуми осиёӣ 2400 варзишгар бо намояндагии 18 кишвар ширкат варзид. Ба барнома боз як намуди варзиш, қаиқронии бодбондор (Sailing) илова шуд.

Мисли Бозиҳои осиёии пешина боз Япония пешсафиро аз даст надода дар шумораи медалҳо мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт.

Натиҷаҳои  давлатҳои Осиё дар Бозиҳои 6-уми Осиё

Август 31, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард