Дар Душанбе ҷаласаи Х Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15 августи соли равон дар асоси ризоияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори «Кохи афсарон» — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Х Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои расмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи дастовардҳои ташкилоти мазкур дар самти таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон тавассути тадбиқи ҳадафҳои оинномавӣ маърӯза менамояд.
Бо назардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайатҳои расмии иштироккунанда аз Кохи Наврӯз ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо осори ҳунарӣ, меъморӣ ва таърихии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ошно мегарданд.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар ҳайати Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2700 кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, наздики 900 муассисаи таълимӣ, зиёда аз 5 миллион аъзо муттаҳид шудаанд. Дар сохторҳои Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва беш аз 1 миллион 100 ҳазор нафар мутахассисони касбҳои оммавӣ – техникӣ омода карда мешаванд. Зиёда аз 2 миллион нафар бошанд, бо варзишҳои авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ – амалӣ машғуланд.
Шӯрои мазкур ба кишварҳои аъзо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, тайёр намудани шаҳрвандон аз рӯи тахассусҳои ҳарбӣ барои хизмати низомӣ дар сохторҳои миллии қудратӣ, таълим додани касбҳои оммавӣ – техникӣ, ҷалби ҷавонон ба эҷоди техникӣ ва машғулиятҳои варзишии авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ – амалӣ кумак мерасонад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






