Дар Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кори худ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ин давлатҳо оғоз гардид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдои берунии Қазоқистон ташкил гардида, то 12 август идома меёбад.
Дар кори он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, муовини Палатаи савдои берунии Қазоқистон Нуралӣ Букейханов ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доранд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш намояндагони Қазоқистон дар ҳайати 20 молистеҳсолкунандаи бузурги бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва аз ҷониби Тоҷикистон соҳаҳое, ки ба Вазорати нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об рабт доранд, иштирок менамоянд.
Мақсади ин ҳамоиш рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ мебошад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






