Дар ноҳияи Рӯшон Фестивали «Табиатваҳш -2018» баргузор гардид

Август 22, 2018 13:54

ХОРУҒ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва дастгирии Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ширкати мобилии «Мегафон» дар  деҳаи Сипонҷи ҷамоати деҳоти Бартанг Фестивали дӯстдорони табиат бо номи «Табиатваҳш — 2018»  баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» Қурбон Аламшо ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт: «соли сеюм аст, ки чунин Фестивалро дар деҳоти дурдасти вилоят баргузор мекунем. Зеро аксари ин деҳот дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд ва ба қавле дар «канор»-и ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд. Яъне яке аз ҳадафҳои асосии Фестивал ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, бахусус озодапаланг мебошад».

Мавриди зикр аст, ки водии Бартанг мисли дигар манотиқи кӯҳсори кишвар макони сукунати ин ҳайвони нодир ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли  охир ба сабаби боришоти зиёди барф ҳодисаҳои ба макони зисти одамон фаромадани бабри барфӣ ё худ озодапаланг  бамаротиб афзудааст.

Ҳарчанд ин «меҳмони нохонда» баъзан ҳайвоноти сокинони деҳотро таллаву тороҷ мекунад, аммо онҳо ҳаргиз ба он зарар намерасонанд. Баръакс, бидуни ягон осеб бабри барфиро ба «хонааш» гусел мекунанд. Зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки саршумори ҳайвоноти хонагиро дар оянда афзоиш додан мумкин аст, аммо бабри барфӣ ҳайвони нодир аст ва ҳар саршумори он барои инсону ҳам табиат мисли тилло ғанимат аст.

Фестивали «Табиатваҳш -2018» маҳз ба ҳифзи ин ҳайвони нодир бахшида шудааст, то сокинони деҳоти баландкӯҳ дар борааш маълумоти бештар пайдо кунанд. Дар Фестивал ҳунармандони мардумӣ, шоирону нависандагон, олимони риштаи табиатшиносӣ ва табибони гиёҳшинос низ ширкат варзиданд.

Дар Фестивали имсола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ҳам ширкат варзиданд. Ҳунарҳои дастӣ, бозиҳои қадимаи миллӣ ва рақсу таронаҳои мардумии сокинони маҳаллӣ сайёҳони хориҷиро ба ваҷд оварданд. Раиси ташкилоти «Кӯҳҳои Помир» Қурбон Аламшоев гуфт, ки Фестивали мазкур на танҳо робитаи инсонро ба табиат боз ҳам қавӣ месозад, балки дар рушди риштаи сайёҳӣ низ нақши муассир мегузорад.

Август 22, 2018 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд