Дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави Маркази табобати бемориҳои рӯҳӣ бунёд гардид
ХОРУҒ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа Маркази табобати бемориҳои рӯҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар ВМКБ хабар медиҳад, фармоишгари ин иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмониро бинокорони соҳибтаҷрибаи Раёсати сохтмонии рақами дуюми ноҳияи Роштқалъа пеш мебаранд.
Ба иттилои манбаъ, дар айни замон корҳо дар иншооти мазкур 95 дарсад ба анҷом расида, бинокорон ба корҳои ороишӣ ва мумфаршкунии роҳравҳои атрофи бино, инчунин сафолакпӯш кардани саҳни шифохона машғул мебошанд. Бино аз ду ошёна иборат буда, се бинои ба ҳам пайвастро дар бар мегирад ва дорои шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ мебошад.
Тавре масъулини Раёсати тандурустии вилоят иброз намуд, барои анҷоми корҳо ва муҷаҳҳаз намудани беморхона бо техникаи муосир 25 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Сардори Раёсати сохтмони рақами дуюми ноҳияи Роштқалъа Гулмамад Аноятшоев гуфт, ки бинои касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ дар майдони 2 гектар замин доман густурда, дорои 129 ҳуҷра ва 84 кат барои бистарикунонии маризон мебошад.
Ба беморхона рӯзҳои наздик лавозимоти корӣ ва техникаю таҷҳизоти тиббӣ ворид карда мешавад. Ҳама утоқҳои табибону маризон ба системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст буда, тавассути қувваи барқ ва ангиштсанг гарм карда мешавад. Беморхона ҳамчунин дорои ҳаммом, утоқи либосшӯӣ буда, чор ошхона яъне ҳар як шуъба ошхонаи худро доро мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушд додани дигар бахшҳои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳаи тандурустӣ ҳам таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи солҳои охир даҳҳо биноҳои марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳои муосир сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.









Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд






