Дар пойтахти Тоҷикистон Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 мавриди татбиқ қарор дода мешавад
ДУШАНБЕ, 24.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020» ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2020», инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар соли 2018 67 000 (шасту ҳафт ҳазор) сомонӣ ва дар таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағи заруриро дар буҷети шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи қарори мазкур, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи ин Барнома муқаррар шуда, бояд ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомшуда гузориши муфассал манзур намояд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт 18 -19 августи соли равон дар пойтахти мамлакат нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе «Dushanbe Summer Fest» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур гурӯҳи ҳавонавардон (воздухоплавателей) аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур доир ба тарзи истифода ва парвози пуфакҳои ҳавоӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Сипас чанд адад пуфакҳои ҳавоӣ ба фазо сар дода шуданд.
Дар Фестивал инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ва консерт бо иштироки ҳунарнамоии санъаткорони машҳури мамлакат доир гардид.

Дар Фестивал ҳамчунин барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буданд.
Сокинон ва меҳмони пойтахт дар ин Фестивал фаъолона иштирок намуда, аз он таасссуроти нек бардоштанд.








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






