«ЭЙ НАҲЗАТ, АЗ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИАТ ДАСТ КАШ!»,- муроҷиати Анҷумани тоҷикони Туркия

Август 1, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 01.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Анҷумани тоҷикон дар Туркия бо хондани шарҳи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба куштори сайёҳони хориҷӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе мулоҳизаҳои худро нисбат ба фаъолияти ташкилоти террористӣ-эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ чунин изҳор кард:

Шахс ва гурӯҳе, ки як маротиб одам куштааст, ҳатман бори дигар ҷинояташро такрор менамояд. Зеро қотил танҳо баъди куштани шахси бегуноҳ ором мегардад. Чунон ки ба ҳама маълум аст, аъзои наҳзат дар куштори миллати тоҷик борҳо даст задааст, аммо ин маротиб усули кушторро тағйир дода, даст ба қатли бераҳмонаи хориҷиён заданд.

Бояд тамоми кишварҳои дунё бо хабар бошанд, ки наҳзат шикорро нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ оғоз намудааст. Ҳол он ки тақрибан ҳамаи аъзои наҳзат дар кишварҳои аврупоӣ бар сар мебаранд. Ба истилои дигар созмони хонаводагӣ курнамак ҳастанд, солҳо нони миллати тоҷикро хурданд ва мардуми бегуноҳи тоҷикро қатл карданд. Имрӯз бошад, дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд ва сайёҳони онҳоро мекушанд.

Аммо бояд ба инобат гирифт, ки роҳбарияти наҳзат иҷрокунандаи супориши кишвари ба мо «дӯст»-и Эрон мебошад.

М. Кабирӣ дастпарвари Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бояд садоқати худро ба Ҳумайнӣ ва хадамоти махсуси он кишвар нишон диҳад. Илоҷи дигар низ вуҷуд надорад, танҳо «садоқати самимӣ» яъне ба ҳалок расонидани ашхоси бегуноҳ метавонад, ӯро таскин бахшад.

Мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия амали ноҷавонмардонаи наҳзатро маҳкум намуда, аз аъзои созмони террористӣ талаб менамоем, ки аз амалҳои террористиашон даст кашанд».

 

Анҷумани тоҷикон дар Туркия

Август 1, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон