Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси пок ба Ватан ва ҳадафмандӣ дар кори раёсати ҷумҳурӣ ватани худро сохтааст, – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (30.07.2018, №149) мақолаи Холназар Муҳаббатов, доктори илми география зери сарлавҳаи «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ. Аз дастовардҳо то имкониятҳо» чоп шудааст. Дар мақола муаллиф ҳадафи аслии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018-ро бори дигар таъкид карда, минтақаҳои сайёҳӣ, хатсайрҳои нави сайёҳии эъҷодшуда ва мавзеъҳои таърихии ҷумҳуриро муаррифӣ намудааст: «Ҳоло дар мамлакат даҳҳо муассисаҳои туристӣ амал мекунанд, ки қисми зиёди онҳо дар замони истиқлолият аз нав барқарор шуда ва боз чандин минтақаҳои туристию истироҳатии шахсӣ бунёд гардидаанд, ки онҳо то андозае барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароит фароҳам меоваранд».
Дар баробари ин, муаллиф мушкилотеро, ки барои рушди бештари соҳаи сайёҳӣ монеа эҷод мекунад, зикр намуда, ҳалли онро муҳим арзёбӣ кардааст: «Аммо қисми зиёди ин муассисаҳо қудрати ба пояи талаботи вақт пеш бурдани корҳои сайёҳиро надоранд. Аксарияти онҳо ба тиҷорат сару кор дошта, онро ҳам дар шакли мусофиркашонӣ ба анҷом мерасонанд. Бисёр муассисаҳои туристӣ базаи моддӣ-техникӣ ва хатсайри сайёҳӣ надоранд ва меҳмонхонаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд».
Инчунин, дар ин шумора андешаи рӯзноманигор Ташрифулло Саъдуллоев дар бораи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва боздид аз НБО «Роғун» зери унвони «Роғун. Шаҳр ҳусни тоза мегирад» нашр шудааст. Муаллиф аз ободонию созандагие, ки дар шаҳри Роғун дар пасманзари бунёди бузургтарин неругоҳи ҷаҳон НБО «Роғун» ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба он ҷараён дорад, нақл кардааст.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (31.07.2018, №150) «Иттилоия» аз Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Дар ин иттилоия омадааст, ки 30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатӣ баргузор гардид ва дар оғози кори ҷаласа Сарвари давлат ба хотири қурбониёни садамаи нақлиётии 29 июл, ки бар асари он чор нафар сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расиданд, дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд. Сипас Пешвои миллат гузориши шахсони масъулро шунида, дастур доданд, ки омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ошкор ва онҳо тибқи қонун ҷазо дода шаванд.
Баъдан масъалаҳои дигаре, ки ба рӯзномаи кори маҷлис ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд ва Сарвари давлат ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба тадбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, дар ин шумора «Шарҳи расмии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон» чоп шудааст, ки дар он дар бораи боздошти ҷинояткорони дар куштори сайёҳон дастдошта, сабабҳои ба чунин кор даст задании онҳо, фармоишгарону маконҳои таълимгирифтаи онҳо маълумот оварда шудааст.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (01.08.2018, №151) матлаби рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ зери унвони «Суғд. Бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ» чоп шудааст, ки дар он муаллиф дар бораи бунёди корхонаҳои нав дар ин вилоят, муҳайё сохтани ҷойҳои навӣ корӣ ва бунёди иншоотҳои муҳими ҷамъиятӣ сухан ронда, таъкид мекунад, ки дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолият омодагӣ мегирад.
Инчунин, дар ин шумора мусоҳибаи рӯзноманигорони нашрия бо директори техникии ФФТ Комрон Шодиев доир ба стратегияи ислоҳоти куллии футбол дар Тоҷикистон – «Орзу — 2026», ки аз ҷониби раиси ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, нашр гардидааст. Дар ин мусоҳиба, ки бо номи «Аз «тӯби чармин» то ҷоми ҷаҳон» чоп шудааст, тарзи амалӣ кардани стратегияи мазкур ва боло бардоштани сатҳи футболи тоҷик тавзеҳ ёфтааст.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (31.07.2018, №92) аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салиниро иттилоъ додааст. Ин матлаб бо сарлавҳаи «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пиетро Салини» нашр шуда, дар он дар бораи масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки зимни мулоқоти Сарвари давлат бо Пиетро Салини баррасӣ гардиданд, маълумот дода шудааст.
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (02.08.2018, №90) зери сарлавҳаи «Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зери раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараён гирифт, гузориш нашр кардааст.
Дар ин шумора матлаби Абдумаҷид Муродов, зери унвони «Саёҳат Дадаҷонова: Эътимоди мардум масъулиятро дучанд менамояд», нашр шудааст. Дар ин мақола муаллиф дар бораи фаъолияти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёҳат Дадаҷонова маълумот додааст.
Инчунин, дар ин шумора мақолаҳои «Инъикоси ҳунарҳои халқӣ дар кино», «Сайидо ба ғайр аз шоирӣ боз чӣ касб дошт?», «Суғд. Роҳкиро қиммат шуду сатҳи хизматрасонӣ бетағйир аст», «Ватан -хона, ишқ ва умед аст» нашр гардидаанд.
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (02.08.2018, №31) мақолаи рӯзноманигор Хуршед Ховариро зери унвони «Пешвои миллат дар шинохти хориҷиён» нашр кардааст. Дар ин мақола, муаллиф андешаҳои хориҷиёнеро, ки аз Тоҷикистон дидан карда, мулоҳизаашонро дар бораи роҳбари он баён намудаанд, гирд овардааст. Ӯ аз ҷумла, андешаи адиб, сиёсатмадор ва публитсисти машҳури рус Александр Прохановро чунин иқтибос кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард ва Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод».
Баъдан мулоҳизаи журналист ва таҳлилгари афғони муқими Амрико Шафӣ Айёрро нашр кардааст: «Ҳамин эҳсоси пок доштан ба ватан як ҳадафмандиро ба вуҷуд меорад. Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси пок ба ватан ва ҳадафмандӣ дар кори раёсати ҷумҳурӣ ватани худро сохтааст. Як кишвари ҷангзадаву ғарибро ба чунин хушбахтӣ расонидааст. Ҳамин боис мешавад, ки кишвари Тоҷикистон дар соле чанд бор ҷашн бигирад ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашн бо ифтихор ҳисса бигирад ва шодишарики халқи хеш бошад».
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (01.08.2018, №31) зери сарлавҳаи «Тоҷик ҳеҷ гоҳ қотил набуд. Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад» матлаб нашр карда, мавқеи нашрия ва дар умум, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро нисбат ба куштори сайёҳони хориҷӣ мушаххас намудааст. Дар матлаб омадааст, ки нафарони ин ҷиноятро содиркарда ҷинояткороне ҳастанд, ки барояшон арзишҳои муқаддаси инсонӣ қадре надошта, онҳо ба ҳеҷ миллату мазҳаб алоқамандие надоранд.