ФАЗИЛАТҲОИ ҚУРБОНӢ КАРДАН. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода шарҳ медиҳад

Август 20, 2018 09:27

ДУШАНБЕ, 20.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дар дигар мамолики мусалмоннишин иди саиди Қурбон таҷлил мегардад. Дар Паёми телевизионии худ  ба мардуми  кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуданд: «Итминон дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд».

Ҷаноби Олӣ дар баробари ин таъкид намуданд: « Фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст». АМИТ «Ховар» аз директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА  хоҳиш намуд, ки ин нуктаро шарҳ бидиҳад. Номбурда чунин ибрози назар намуд:

Яке аз чорабиниҳои муҳими соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон буд. Ҳангоми ин суханронӣ барҳақ таъкид гардид, ки «муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад». Дар партави чунин баҳогузорӣ рукни ҳаҷ дар ислом, риояи писандидаи маносики он, густурдани дастархони идона ва қурбонӣ кардани тавонмандон аз ҷумлаи ҳамин гуна арзишҳои эътиқодиест, ки баробари мусулмон шудани тоҷикон дар матни фарҳанги миллии мо ҷойгоҳе устувор ҳамвор кардааст.

Қурбонӣ кардан пешинаи дурударозе дар гузаштаи ҳаёти инсоният дорад. Бар асоси омўзиши муқоисавии динҳо яке аз нахустин талошҳое, ки инсон дар кори наздикӣ ҷустан ба худоён ба ҳукми оин даровардааст, қурбонӣ кардан мебошад. Чунин рафторро пеша кардан реша дар умқи бовару эътиқод ва динҳои гуногун давонидааст. Андешаи ҷомеъ он аст, ки ин корро нахуст Ҳобил ва Қобил ба иҷро расонидаанд. Аммо худи вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, дар асоси шакли масдарии «фуълон» сохта мешавад. Як теъдод калимаҳо бо ҳамин шакл дар забони тоҷикӣ, ба мисли ҷуброн, ғуфрон, султон, буҳрон, фурқон, Қуръон, буҳтон дар истеъмол аст.

Маънои аслии луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти хушнудии Ўст. Ин оин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Некў анҷом додани ин амал як ёдоварии хотирмон ва омўзандаи башарият тибқи фармудаи «фӣ сабили-л-Лоҳ» (дар роҳи (хушнудии) Худо) бар ивази писарро забҳ кардани падар ба расмият даромадаст. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва гўспандкушон ном мебаранд, ки ба рўзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд ва ҳоҷиён ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар наздикии мавзеи Минои Макка асосан гўсфанд (инчунин буз, гов ва шутур) қурбонӣ мекунанд. Вале бо мурури замон ин ибодати дерина аз маъно ва мафҳуми воқеии худ фарсахҳо дур афтодааст. Дар даврони мо бештар одоби зоҳирии он боқӣ мондаасту ҳикмати ахлоқӣ ва инсонмеҳварии он то андозае коҳиш ёфтааст.

Мантиқан андаруни оини қурбонӣ ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, воситаи барқарор намудани робитаҳои дўстона, ваҳдати миллатҳои гуногун ва баробарии ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз ранги пўсту нажод, мақому мартаба ва имкониятҳои молиявӣ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нақши басо созанда ва тарбиявӣ касб намудааст.

Ҷавҳари асосии ҳикмати иди Қурбон тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ў мебошад. Иди Қурбон аз замони Иброҳим Халил ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии мўъминон аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад. Дар оятҳои 102-107-уми сураи Соффот мазмуни қиссаи ибратомўзе зикр шудааст, ки чун Иброҳим ба назди Исмоили хурдсол омад ва ба ў меҳри беандоза пайдо намуд, Худованд барои озмоиш дар хоб ба ў дастур дод то писараш – Исмоилро дар роҳи Худо қурбон кунад. Ин хоб ду-се шаб пайиҳам такрор мешуд. Иброҳим дарёфт, ки рўъят хоби раҳмонӣ буда, иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Пас фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ гирифта, ҷониби саҳро равон гардид. Ниҳоят, ҳарду ба мавзеи муносибе расиданду Иброҳим ба писараш Исмоил амри Худовандро расонид. Исмоил ҳарчанд ҳоло ҷавон буд, аммо ба амри Худованд розӣ шуд ва ба падараш гуфт: «Эй падарҷон, он чиро, ки Худованд амр кардааст, иҷро кун! Ба зудӣ маро сабркунанда меёбӣ». Он гоҳ Иброҳим хост кордро бар гулўи Исмоил биронад, нидое шунид: «Эй Иброҳим! Бешак барои иҷрои фармони Худованд азми қатъӣ кардӣ, албатта, мо бандагони некўкорро (дар шакли наҷоти Исмоил аз забҳ) чунин подош медиҳем. Ба таҳқиқ, ин як имтиҳон ва санҷиши бузурге буд. Ва Исмоилро ба ивази кабше – гўсфанди сафеди калоне (ки онро Ҷабраил (а) аз биҳишт овард) наҷот додем». Аммо воҷиб гардонидани қурбонӣ кардан дар асоси мазмуни сураи Кавсар собит шудааст: «Ба дурустӣ, ки мо ба ту Кавсарро ато кардем. Пас барои Худо намоз гузор ва қурбонӣ кун». Масъалаи дар рўъят, яъне хоби раҳмонӣ дастур гирифтани Иброҳим (с) барои қурбон кардани Исмоил дар роҳи Худо ҳамчун имтиҳон ва озмоиши бузург арзиши баланди умумибашарӣ дорад. Зеро ташаккули ҷомеаҳои инсонӣ ончунон сурат гирифт, ки баъд аз гузашти муддате қурбонӣ кардан дар миёни одамон амри воқеӣ гардид ва дигар қурбонӣ кардани гову гўсфанду паррандагон басандаву арзанда ба назар намерасид, балки бидъати қурбонӣ кардани инсон низ ба ин қатор изофа шуд. Сардорон ва бошандагони қабилаҳо бар ин назар буданд, ки барои дарёфти ризомандии худоён ва гоҳо ба сифати хушомад дастовези арзанда пешниҳод кардан ба онҳо чизе беҳтар аз худи инсон буда наметавонист. Акнун аз тариқи оятҳои Китоби муқаддаси мусулмонон манъ гардидани забҳи инсон ҳамчун қурбонӣ ва қудсият пайдо кардани ивази он бо гўсфанд (ва чаҳорпоёни дигар) таҳаввули бузурге дар ҷаҳонбинии одамон ва шинохти кавну макон ба вуҷуд овард. Яъне ба ҳеҷ ваҷҳ одамро куштани одам аз нигоҳи муқаррароти тавҳиди илоҳӣ мақбули даргоҳи Офаридгор набудааст. Ва ин андарзи бузург аз қаъри ҷомеаҳои қурунивустоӣ то ба имрўз омада расидааст.

Дар заминаи ҳамин таҳаввули бузурги мансуб ба иди Азҳо  дар фарҳанги мусулмонӣ маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба танзим шуд. Анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои ислом барои ҳар марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте тавсия мегардид, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштанаш касони дар нафақаи ў буда аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рўзғор ҳеҷ танқисие надошта бошанд.

Ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки шахсро ба ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват менамояд. Дар доираи муқаррароти иди Азҳо қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб аст. Шахсоне, ки имконияти фарох надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ доранд, аз тариқи дуруду фотеҳа хондан ба рўҳи гузаштагон, аёдати қабри наздикон ва риояи одобу ахлоқи ид иктифо мекунанд.

Зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ баъди адои намози ид ба шахсони доро ва тавоноӣ дошта савоб буда, ҳамчун хайру садақа расонидани он ба ниёзмандон, беморон, маъюбон ва тифлони бепарастор аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст. Агар машрўият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2-уми сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36 сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки аз гўшти чаҳорпои қурбонӣ “бихўред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихўронед”. Аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи исломӣ ва мардумии мо чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст бо ризомандӣ ҳаққи қассобро дода, бо ёрии ў гўштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёзмандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад ва бо истифодаи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рўзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат воқеан аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан дар матни омўзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Дар матни арзишҳои омўзандаи фарҳанги миллии мо ҳамчунин як идда урфу таомуле, ба мисли рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба хурдсолон, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзмандон маъмул гардидааст, ки ҳамчун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.

Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннат аст ва дар мазҳаби Имом Абўҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб (ки соли 2018 – 20400 сомонӣ муайян гардидааст) воҷиб мегардад. Ҳадди нисоби шаръӣ ҳамон ҳолати молик будан ба дороӣ ва имкониятҳои молиявӣ аст, ки болотар аз он додани закот аз мол, садақаи фитр ва қурбонӣ кардан дар Иди Азҳо барои шахси мусулмон воҷиб мегардад. Аз гўшти қурбонӣ метавон миқдореро ба мардум бихўронд ва қисмати дигарро барои аҳли хонаводаи худ захира кард. Урфи маъмул дар суннати қурбонӣ он аст, ки аз се як ҳиссаи он ҳамчун садақа тақсим шавад, аз як ҳиссаи он ба фақирону мискинон таом омода созанд ва як ҳиссаи дигар захира гардад. Ва низ ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гўшти қурбонӣ бихўрад, ба дигарон хўронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гўшти қурбониро садақа кунад ҳам, ҷоиз аст. Аз ин мавқеъ, бояд хотирҷамъ бошем, ки дину мазҳаб ва давлату ҳукумат барои қурбонӣ кардани шахсони соҳибнисоб ҳеҷ мушкилие эҷод накардааст ва нахоҳад кард.

Касе назр карда бошад, ҳамаи гўшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехўрад ва бо он сарватмандонро намехўронад. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гўшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳони мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гўшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад. Бовару эътиқоди мардумӣ ва ҳадафи имонӣ аз баргузории ид ва куштани чаҳорпои қурбонӣ чашидани хўроки аз он омодашуда аст. Аз рўйи кибру риё оростани дастурхони пурдабдаба ва сермасраф ба хотири тановули хўроки идона ҳеҷ иртиботе бо омўзаҳои динӣ надорад. Баръакс, оростани дастурхон бояд ончунон ифодагари маънавиёте бошад, ки тарбияву ахлоқ ва одобу муоширати инсонҳоро қавӣ гардонад. Афзун бар ин, дар даврони истиқлолият чандин бидъатҳои хурофотӣ ҳамрадифи идҳои динӣ гаштааст. Яке аз онҳо идгардаки кўдакони хурдсол дар ба дари хонаи мардум аст. Албатта, харидани либоси нав ва ҳадя додани аҳли хонавода ба ҳамдигар рафтори мақбул аст. Вале оё ақли солим қабул карда метавонад, ки хона ба хонаи дигарон “ид муборак” гўён сар халонидани кўдакон ягон мисқоли заррае аҳамияти тарбияӣ дар сиришти онҳо афзун мекарда бошад? Ҳаргиз не. Ва ё гурўҳ-гурўҳ шуда ба хонаи ҳамдигар рафтани ҳамсинфон – боз дар шакли духтарон алоҳидаву писарон алоҳида, – ҷиҳати оростани суҳбатҳои пучу беҳуда бо номи “идгардак” магар ба ҷуз эҷоди нороҳатӣ барои соҳибони хона манфиати дигаре дорад? Чунин тарзи рафторҳо бо омўзаҳои динию мазҳабӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва бояд аз мафкураву ҷаҳонбинии мо давра ба давра берун оварда шаванд.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанўз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромўш мешавад, фурўтанию фармонбардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хўроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Доир ба масъалаи кулфат раво надидан барои худ ҷиҳати оростани ҳама гуна дастурхон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ дар ҳадисе Имом Абўҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ў дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастурхон нон ва сабзавоти туршишуда (хубз ва халл) гузошт ва узр пеш оварду гуфт: “Ҳамоно пайғамбари Худо (с) моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”. Аз ин рў, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро ба фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва омўзаҳои имонию эътиқодии он вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ ва носипосӣ аст. Арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некўаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд.

Дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳам доир ба масъалаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некўаҳволии мардум, истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар қаламрави кишвар ҳадафи дигаре надорад.

Ҳам акнун дар оғози асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми омадани идҳои Фитр ва Азҳо андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хўрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сўзан ҷое набошад, бозандешӣ, тафаккур ва тааққул бикунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хўроквории фаровон болои дастурхон ба ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест. Бар замми ин, хариди зиёди анвои хўрданию нўшиданию пўшиданиҳо аз раставу бозорҳо ҳангоми фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бештари маводи хўрока омили гарон шудани нарх мегардад. Ҳеҷ тоҷиру соҳибкор ва фурўшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурўхтани маҳсулоти худ манфиату даромад мебинад. Баръакс, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин беинсофон дере нагузашта гирифтори бало мешаванд ва фоидаи гўё калон ба даст овардаашон барояшон зиён меоварад. Вале шахсоне, ки дар арафаи ид нархи маҳсулоташонро аз пештара камтар карда мефурўшанд, баракати корашон дучанд мегардад. Ин як воқеияти бебаҳс аст, ки ба зершуури имонии инсонҳо бастагӣ дорад ва ҳар кас ҳақиқати онро дар таҷрибаи худ санҷида метавонад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурў меравад, ки ин ҳама худнамоиҳо ба хотири чӣ ва манфиати кӣ бошад.

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муқаррароти Конститутсияи кишвар риояи озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони кишвар кафолат додааст. Дар шароити зиндагии озоду ободи давлати демократии ҳуқуқбунёд мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросимҳои динӣ, махсусан, тарғиби дўстию муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани гуноҳу камбудиҳои ҳамдигар ва хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мўҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатхои некро густариш дода, ҷашну маросими эътиқодии худро бо дигар анвои арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтироми сарулибоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз пайравии анъанаҳои барои миллату фарҳанги мо тамоман бегона, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар як хонаводаи тоҷик тавъам созанд.

Дар вазъияти кунунӣ ҳифзи унсурҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодули унсурҳои фарҳангӣ ва арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои мусулмонӣ аҳамияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст. Хушбахтона, мардум оҳиста-оҳиста аз мавқеи танзимгарӣ муносибат кардан ба ҷашну маросимро дарк намуда, манфиатовар будани онро дар беҳбуди ҳаёти рўзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос карда истодаанд. Масъулияти асосии мо дар ин самт ҷанбаҳои мусбати Қонуни танзимро тақвият бахшидан, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он будан ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом додан аст.

Август 20, 2018 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»