ФУТБОЛ: бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар се бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин дидорҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дастаи футболи «Истиқлол» дастаи «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонид. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар майдони худ бар дастаи ССКА «Помир» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов, Ҷаҳонгир Эргашев, Идибек Ҳабибуллоев ва Фарҳод Тоҳиров ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ду голи дастаи футболи «Кӯктош»-ро Абдурасул Раҳмонов ва як голи дигарро легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов ба нишон расонданд. Голҳои меҳмононро Маҳмуд Ғаюров ва Нуъмон Зокиров ба ҳадаф расониданд.
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ дар майдони худ бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, се имтиёзро ба даст овард.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври чордаҳум дар ҷадвали мусобиқот дастаи футболи «Истиқлол»-қаҳрамони Тоҷикистон бо 35 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи футболи «Хуҷанд», ки ду имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи дуюм мебошад. Дастаи «Кӯктош» бо ба даст овардани 21 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Хотиррасон мекунем, ки бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-26 август доир гардида, дастаҳои футболи «Кӯктош» бо ССКА «Помир», «Хатлон» бо «Истиқлол», «Панҷшер» бо «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» бо «Регар-ТадАЗ» байни ҳам рақобат мекунанд.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






