ФУТБОЛ: натиҷаҳои бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ маълум гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 13 –уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозии марказӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонид. Бохти дастаи футболи «Куктош»-ро дастаи футболи КМВА «Помир» натавонист истифода барад. Бозии ин даста бо дастаи футболи «Панҷшер» бидуни гол анҷом ёфт.
Мухлисони футбол рӯзи 5 август шоҳиди ду бозии дигари даври 13-ум шуданд. Муддаиёни медалҳои тиллои чемпионати имсола – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар меҳмонӣ ба пирӯзӣ даст ёфтанд. Дастаҳои «Истиқлол» бар дастаи «Барқчӣ» (1:0), «Хуҷанд» бар дастаи «Хатлон» (2:1) ғалаба карданд. Голи дастаи «Истиқлол»- ро Дилшод Восиев дар дақиқаи 31 вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар дидор миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Хатлон» дар нимаи аввал Кароматулло Саидов – бозингари дастаи Бохтар ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюм хуҷандиҳо ду гол заданд. Дар дақиқаи 56 легионери узбекистонии дастаи «Хуҷанд» ҳисобро баробар карда, дар дақиқаи 90+5 Манучеҳр Ахмедов аз пеналтӣ голи ғалабаоварро ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври чордаҳум 18-19 август баргузор мешаванд. Дар даври охирини марҳилаи дуюм дастаҳои футболи «Куктош» бо «Панҷшер», «Регар-ТадАЗ» бо «Барқчӣ», «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бо «Хатлон» вомехӯранд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






