«ХОИНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДҲОИ ҒАРАЗНОКИ ХУД НАХОҲАНД РАСИД!». Изҳороти устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба қатли сайёҳони хориҷӣ
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хабари кушта шудани сайёҳони хориҷӣ тамоми қишри ҷомеаро бетараф нагузошт, ба унвонии АМИТ «Ховар» ҳар лаҳза изҳороту ҳамдардӣ мерасанд. Ба хонандагони сомона чунин изҳороти устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро пешниҳод мегардонем.
Мо, раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин амали ҷоҳилона ва ваҳшиёнаро куллан маҳкум менамоем ва бо ғами хешовандону пайвандони қурбониёни ин амали террористӣ шарикем.
Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон бо меҳмондӯстии худ машҳур аст ва табиати зебои он ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад. Аммо баъзе гурӯҳҳо ва ашхосе ҳанӯз ҳам ҳастанд, ки қудрати дидани ин пешравиҳоро надоранд ва кӯшиш мекунанд бо ҳар роҳе садди роҳи инкишофи минбаъдаи ҷомеа гарданд.
Ин ҷиноятро танҳо хоинони миллат ва душманони давлат содир карда метавонанд. Умедворем, ки мақомоти тафтишотиву қудратии давлат дар муддатҳои кӯтоҳтарин омилони ин ҷинояти ваҳшиёнаро муайяну дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Хоинони миллату душманони давлат бояд донанд, ки ҳеҷ гоҳ бо содир намудани чунин амалҳои нанговар наметавонанд ваҳдати миллӣ, амну субот, ҳамзистии осоиштаи намояндагони миллатҳо, дину мазҳабҳои гуногунро дар Тоҷикистон халалдор кунанд. Дар ҷавоб ба ин амали нангини ҷинояткорон мо — аҳолии кишвар дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат фаъолтар мешавем. Қудрати мо халқи тоҷик, дар иттиҳоду сарҷамъии мост!








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






