Имсол Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ баргузор мегардад

Август 24, 2018 08:24

ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Дарси сулҳро, ки чун анъана дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон сурат мегирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш бо иштироки Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино иштирок менамоянд, гузаронида мешавад.

«Дар соли хониши 2018-2019 занги аввал барои тақрибан 240 ҳазор нафар хонандагони синфи як садо медиҳад. Соли гузашта ин шумора 235 ҳазор нафарро ташкил медод», — гуфт манбаъ.

Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 3870 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1 млн. 906 ҳазору 304 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.

 

Август 24, 2018 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон