ҚИССАИ ОРЗУҲОИ КУШТАШУДА. Расонаҳои хабарии дунё дар бораи қурбониёни амали террористии аз ҷониби наҳзатиён анҷомдодашуда менависанд…

Август 1, 2018 15:28

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳайати сайёҳони хориҷӣ, ки дар натиҷаи амалиёти террористии  29 июли соли равон дар ҷануби Тоҷикистон аз ҷониби наҳзатиён анҷомдодашуда чанд нафарашон ба ҳалокат расиданд, ҳафт нафар иборат аз  се ҷуфт шомил будаанд. Воситаҳои ахбори оммаи дунё имрӯзҳо дар бораи онҳо нақл мекунанд.

Тавре аз маводҳои ВАО бармеояд, ду нафари онҳо, ки дар натиҷаи амали террористӣ рӯзи 29 июл кушта шуданд,  — сайёҳони амрикоӣ  Ҷей Остин (Jay Austin)  ва Лорен Гиогиген (Lauren Geoghegan) — ҷои кори худро ба нияти ҷаҳонгардӣ тарк намуда,  як сол  пеш саёҳати худро,  қабл аз он ки ба Аврупо бираванд, аз Африқо оғоз карда ва баъдан ба Осиёи Миёна ҳаракат намудаанд.  Онҳо  моҳи май дар Қазоқистон ва аввалҳои июл дар Қирғизистон гардиш кардаанд ва мақсад доштаанд ба Ӯзбекистон  низ сафар кунанд.

Ҷей ва Лорен дар блоги худ дар Интернет  дар бораи бештар аз 26 кишвар маълумот додаанд, ки ба он ҷойҳо  сафар карда будаанд. Бахши Тоҷикистон дар ин саҳифа бо навиштаи «Coming soon» (ба наздикӣ) холӣ мондааст.

Остин дар бораи ин сафар дар веблоги худ навишта, аксҳои зиёдро ҷой дода буд.

Дар сомонаи  Радиои «Озодӣ»  дар бораи афроде, ки дар пайи ҳамлаи террористии рӯзи 29-уми июл кушта шуданд,  маълумотҳо дарҷ гардидаанд:

Ҷей Остин

Ҷей Остини 29-сола барои 7 сол дар Вазорати маскан ва рушди шаҳрии Амрико кор мекард. Ҷей Остин шуғли худро тарк намуд, то барои ҷаҳонгардӣ бо дучарха, вақти кофӣ дошта бошад. Вай дар блоги худ навишта буд, «сафар бо дучарха комилан амн аст. Бо вуҷуди хабарҳое, ки шумо ба онҳо бовар доред, ҷаҳон воқеан ҷолиб аст, эҳтиёт дар маҳал, ва достонҳои ба гарав гирифтани мусофирон ё ҷароҳати дучархасаворон, истисноҳои нодир мебошанд… Бузургтарин таҳдид барои мо… инсонҳое ҳастанд, ки дар мошин мебошанд.»

Вай дар миёни касоне буд, ки кушта шуд.

Лорен Гиогиген

Сокини 29-солаи Вашингтон Лорен Гиогиген хатмкунандаи Донишгоҳи Ҷорҷтаун буд. Ӯ аслан зодаи шаҳри ҷанубии Калифорния мебошад ва дар Вашинтон кор мекард. Дар блоги Лорен ва Остин simplycycling.org гуфта мешавад, ки вай ҳанӯз панҷ сол пеш дар бораи дучархасаворӣ тасмими ҷиддӣ гирифт. Лорен дар чанд сафар дар чандин гӯшаи ҷаҳон Остинро ҳамроҳӣ кард.

Вай ҳам дар ин ҳамла кушта шуд.

Рен Вокке ва Ким Постма

Равоншиноси 56-сола аз Ҳолланд Вокке ҳамроҳ бо шарики худ Ким Постмаи 58-сола дар Тоҷикистон зимни  сафаре аз Тайиланд ба Эрон қарор дошт. Онҳо тасмим гирифтанд, ки сафари худро тариқи Тоҷикистон идома бидиҳанд ва аз сафар ба воситаи  Афғонистони ҳамсоя, ки хатар дорад, дурӣ биҷӯянд. Ба гуфтаи бародари Вокке, вай ҳамроҳ бо Постма бо дучарха сафарҳои зиёд намуда, ба беш аз 130  ба саёҳат рафта будааст.

Вокке ва Постма, ки дар як хонаи қаиқӣ дар Амстердам умр ба сар мебурданд, барои солҳо волидони фаъол барои парвариши кӯдакони дучори мушкил буданд — онҳоро ба хонаи қаиқии худ мебурданд ва онҳоро то пайдо кардани манзили доимӣ нигаҳдорӣ менамуданд.

Вокке дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл кушта шуд.

Бинобар маълумоти сафорати  Германия  дар Тоҷикистон (Ҳолланд дар Тоҷикистон сафорат надорад), Постма дар бемористони Душанбе муолиҷа ва рухсат шуд ва бино ба гузоришҳо, дар як ҷои амн дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.

Маркус Хамел ва Дименд Мари Клер

Ин ду дучархасавори швейтсарӣ аз атрофи шаҳри Зюрих мебошанд. Хамели 62-сола ва шарики 59-солааш Дименд дар блоге бо номи «Орзуе, ки амалӣ шуд» навиштанд, ки онҳо дар имтидоди Роҳи Абрешим аз минтақаи Сияни Чин дар роҳ ба сӯи Қирғизистон ҳастанд. Онҳо рӯзи 25-уми июл ҳангоми ба   Тоҷикистон ворид шуданашон навиштанд, ки аз оромӣ ва кӯҳҳои сарбафалак лаззат мебаранд ва дарёи Помир ва ҷониби Афғонистонро тамоми рӯз тамошо мекунанд.

Хамел дар ин ҳамла кушта шуд. Дименд наҷот ёфт ва ҳоло дар бемористоне дар Душанбе муолиҷа мешавад.

Казабат Гуиллаюм Ҷеан

Ин марди фаронсавӣ ҳини сафар аз Кӯлоб ба Душанбе дар қофила аз ҳама ақибтар қарор дошт ва тибқи гузоришҳо, ҷузъе аз ҳамлаи аввалия набудааст. Тибқи гузоришҳо, вай ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон натавонист маълумоти бештаре дар бораи вай ироа кунад.

Август 1, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид