Қиёмиддин МИРАЛИЁН, вакили Маҷлиси намояндагон: «Ҳамла ба сайёҳон амали ғайриинсонӣ буда, зидди ҳама гуна маданият ва фарҳанги тарзи зист ва ҳаёти ҷамъиятҳост»

Август 3, 2018 11:07

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба як ҳафта аст, ки дар матбуоти ватанӣ ва хориҷӣ дар бораи ҳодисаи кушта шудани сайёҳон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон андешаҳои мухталиф ба нашр расида истодаанд. Ин ҷинояти ғайриинсонӣ, ки 29 июл дар ин минтақа содир карда шуд бори дигар собит намуд, ки Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)* то ҳол аз ғаразҳои нопоки худ ба монанди одамкушӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ даст накашидааст. Яъне саркардагони ин ҷиноят боз ҳам узви фаъоли ТЭТ ҲНИ* мебошанд.

Дар робита ба ин қазия суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕРро бо номзади илмҳои сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин МИРАЛИЁН манзури хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе» дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинон чор нафар аз сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд ва аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа шадидан маҳкум гардиданд. Андешаи Шумо нисбат ба ин амалӣ ғайриинсонӣ чӣ гуна аст?

Қиёмиддин МИРАЛИЁН: Дар воқеъ, ҳамла ба сайёҳон ва кушта шудани онҳо амали ғайриинсонӣ буда, зидди ҳама гуна маданият ва фарҳанги тарзи зист ва ҳаёти ҷамъиятҳо мебошад. Ҳеҷ мумкин нест, ба нафаре, ки ба сӯи шумо санг набардоштааст, санг бардоред. Яъне, дар ҳама давру замон ва бар асоси ҳам таълимоти динӣ ва ҳам дунявӣ ҳуқуқи шахс барои ҳимоя ва ҳамла танҳо дар ҳолати мавҷуд будани ҳамла аз ҷониби мухолиф (шахси дигар) пайдо мегардад.

Дар ҳолати мазкур на танҳо ҳолати ҳамла ё таҳдид вуҷуд надошт, балки хатари амалиёбии он мавҷуд набуд. Пас, рафтору кирдори мазкур ғайриинсонӣ ва бевиҷдонӣ буда, пурра маҳкум карда мешавад. Ҳамзамон боиси таассуф аст, ки оилаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ то ба имрӯз бо чунин доғи даҳшатбор муаррифӣ нашуда буд. Оилаи тоҷик яке аз оилаҳои дорои маданияти волои тарбиявӣ шинохта шуда, фарзандони мо – бештар ҷавонон дар бисёр муносибатҳо бинобар хулқу атвори намунавӣ доштанашон пазироӣ мегарданд.

Халқу миллати тоҷик бошад, дар ҷаҳони сайру саёҳат ҳамчун миллати меҳмондӯст пазируфта шуда, зимнан, кишвари мо – Тоҷикистони меҳмондӯст шинохта шудааст.

Албатта, хоҳ нохоҳ дар кишварҳо ҳангоми саёҳат сайёҳон ба ҳодисаҳои гуногуни нохуш пешорӯ мегарданд, ин қоидаи муқаррарӣ ва табиати инсонист. Аммо ҳолатҳои куштор хеле кам аст, чун барои ин намуди ҷиноятҳо ҷазои хеле вазнин пешбинӣ шудааст. Новобаста аз ин, сайёҳ меҳмон аст, меҳмони даъватшуда аст, тариқи қонунгузорӣ, тарғибот, муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра. Пас, меҳмонро мебояд меҳмондорӣ намуд!

Гузашта аз ин, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, шахси ифротгаро ва ё террорист Ватан, миллат, давлат ва дину фарҳанг надорад. Илова бар ин, чунин шахсон аз қатори гумроҳонанд, беморанд ва даво низ надоранд. Маҳз бинобар даво надоштани ин гуна беморон ё беморӣ дар қисми муайяни кишварҳо онҳо террорист эълон шуда, вуруди онҳо ба ҳудуди мамлакатҳояшон манъ карда шудааст. Аммо бо назардошти фарҳанги волои миллӣ дар кишвар нисбат ба ин масъала нисбатан сабукӣ дода шуда, Ҳукумат баргаштани онҳоро, аз ҷумла шахсони ҷавони дар мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои хориҷ таҳсилдоштаро қабул дорад. Ҳамчунин, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ихтиёран ва сари вақт вобаста ба содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабар медиҳад ё бо дигар тарзҳо барои пешгирии он мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад, аз ҷавобгарӣ озод мебошад. Ин ҳама бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва тарбия намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Аммо афсус, ки хиёнаткор хиёнаткор боқӣ мемонад, аксар бо ин бемории бедаво аз Ватан дур – дар ғарибӣ ва бекас то охири ҳаёт умр ба сар мебаранд. Бояд иброз намуд, ки байни намудҳои хиёнат, хиёнат ба Ватан, ин хиёнат ба хеш ва ба аҳли оила – фарзандон, волидон ва хешовандон мебошад. Нигароникунанда маҳз ҳамин вазъ аст, ки на худ –моил будагони хиёнат оқибати воқеии онро дарк карда метавонанд ва на аҳли ҷомеа, бахусус наздикон, ки аз қатори шоҳидон маҳсуб мегарданд, ба ӯ ин рисолати талхро мефаҳмонанд. Мутаассифона, далел бар ин хулоса тавсия он аст, ки то имрӯз ин гурӯҳи шаҳрвандон дар паҳлуи мо зиндагӣ дошта ҳеҷ имкон надорад, ки рафтори шубҳаноке накарда бошанд. Яъне, маҳз бетарафии атрофиёнро низ боиси рух додани ин воқеа арзёбӣ кардан мумкин аст. Чуноне, ки дар Қуръони Карим омадааст: «Ва аз мусибатҳо ҳарчи ба шумо бирасад, пас ба сабаби гуноҳе ҳаст, ки дастҳоятон ба амал овардааст».

Аз ин ҷо бармеояд, ки ба тарбияи фарзанд, бахусус ҷавонон на танҳо оила ва давлат, балки хешу табор ва ҳамсоягон – атрофиён, агар хостгори зиндагии орому осоишта ва некномӣ бошанд, масъуланд ва пайваста дар ин росто бояд бар иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ ва адои қарзи виҷдонию ватандорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, баҳри пешрафти Ватани тозабунёд камари ҳиммат баст.

АМИТ «Ховар»: Вазорати коҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳорот пахш намуданд, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир — Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад ва аз соли 1992 узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад. Мақсади даст задани наҳзатиҳо ба чунин амали ба фарҳанги миллати тоҷик бегона чӣ аст?

Қиёмиддин МИРАЛИЁН: Аслан сиёсат – ҳокимият ва дини мубини Ислом ба якдигар тавъам набуда, рисолат ва ё ҳадафу вазифаҳои мухталиф доранд. Бинобар ин, ташкил намудани ҳизби сиёсӣ ва ба он зам ё олуда намудани номи дини Ислом нодуруст арзёбӣ мегардад. Зимнан, ба доми «дӯстони» хориҷӣ афтидани аҳли ҷомеа, аз ҷумла солҳои 90–ум аз ҳамин ҷо оғоз меёбад, ки он ҳам бинобар дарк накардани рисолати воқеии дини Ислом ва аз тарафи дигар меҳрубонии зерипардагии «дӯстон» амалӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки ин камбудиҳо бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат дар муҳлати кутоҳ бартараф гардиданд. Аз ҷумла бо забони давлатӣ тарҷума шудани Қуръони Карим, бузургдошти Имоми Аъзам ва дигар ташаббусҳо ба дарк намудани рисолати воқеии дини Ислом ва дар ин замина, ошкор шудани ҳадафҳои зерипардагии ТТЭ Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ бар аҳли ҷомеа боис гардид. Аммо ҳодисаи тозавуқӯъ бар он далел аст, ки то ҳанӯз ин Ҳизб бар иҷрои ҳафдаҳои ғаразноки худ, аз ҷумла бо истифода аз сатҳи пасти дониши динӣ ва ҳуқуқии ҷомеа талош варзида истодааст.

Тавре дар боло ишора шуд, ҳадафи ҳизби сиёсӣ, пеш аз ҳама, ба даст овардани ҳокимият аст ва дар ин роҳ воситаҳои гуногун, албатта, дар доираи қонунгузорӣ истифода бурда мешаванд. Ҳизби наҳзат* бошад, дар роҳи расидан ба ҳамин мақсадҳо ҳама василаҳои ғайриқонунӣ, илова бар ин ғайриинсонӣ ва зиддидиниро истифода бурда истодааст. Қасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ, маҳз аз кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА эҳтимол нақшаи якрӯза набуда, хусусияти террористӣ дошта, ҳадаф аз ин амалиётро ба якчанд далел асоснок кардан мумкин аст.

Якум – ноором сохтани вазъи сиёсии Тоҷикистон, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф аст. Зимнан, таъсири манфӣ расонидан ба ҷараёни татбиқёбии ташаббусҳои байналмилалии сиёсати иқтисодии кишвар метавонад аз қатори ҳадафҳои ғаразноки ин Ҳизби манъшуда ба ҳисоб равад.

Дуюм – ноором сохтани субот дар ҷомеа бо усули таҳмилӣ – нишон додани зуроварӣ, таҷовуз, таҳдид, куштор, дурӯғ, бофта ва ғайра, ки дар ҷаҳони сиёсӣ яке аз василаҳои номатлуби ба даст овардани ҳокимият шинохта шудааст.

Сеюм – таъсир расонидан ба вазъи иқтисодии ҷомеа, ки ҳамасола рӯ ба инкишоф аст. Соҳаи сайёҳӣ бошад, яке аз самтҳои муътамади иқтисодӣ ба шумор рафта, барои Тоҷикистон бисёр муҳим ва сармоя ё имконияти устувор бар инкишофдиҳии иқтисодиёт арзёбӣ мегардад. Мувофиқан, барои ҳаракатҳои ифоротӣ ва ғаразнок, ба мисли ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ* сатҳи хуби иқтисодии ҷомеа манфиатнок набуда, ба ҳадафҳои онҳо монеа мегардад. Яъне, барои онҳо паст будани сатҳи иқтисодии ҷомеа имконияти муфт (бе харҷи зиёд) ба дом атфтонидани қишри камбизоати ҷомеа мебошад.

Ҳамин тариқ, дар умум даст доштани ТЭТ ҲНИ* ба ҳодисаи нангини мазкур ғаразнок буда, ҷиҳати паёмадҳои муайян ба роҳ монда шудааст.

Зимнан, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки сабақ аз солҳои 90–ум гирифта, дар ҳама ҳолат ҳушёр бошанд. Хиёнаткор метавонад ҳамроҳи мо бошад, дар паҳлуи мо зиндагӣ кунад, дӯсту рафиқ бошад. Ҷомеаи солим он аст, ки ин ҳолатҳоро пай бурда, дарҳол ба мақомоти дахлдор давлатӣ хабар расонад ва бо ин амали хеш ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам қарзи виҷдонии хешро ба иҷро мерасонад. Воқеан, мушт бар дари давлат, ҷомеа дар ниҳоят мушт бар дари оила -хонаи ҳар як шаҳрванд аст.

АМИТ «Ховар»: Ин ҳодисае, ки дар кишвари мо ба амал омад  ба рушди соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна таъсир мегузорад?

Қиёмиддин МИРАЛИЁН: Албатта, ин воқеа то андозае метавонад таъсир расонад, аммо аз ҷомеа ва мо – масъулини ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ бештар вобастагӣ дорад, ки ин масъала чӣ гуна самт мегирад. Зарур аст, ки ҳодисаи мазкурро бо дипломатияи баланд баррасӣ ва вокуниш намоем ва ба ҳама саволҳо ва нигарониҳои ҷонибҳои дахлдор сари вақт бо сатҳу сифати баланд посух диҳем.

Хулоса зарур аст, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ дар мавзӯъҳои бехатарии сайёҳон ва саёҳат дар Тоҷикистон, амну субот, оромию осоиштагӣ ва кафолати давлатии (қонунии) бехатарии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, аз пеш дида, имрӯз бештар маводи хабарӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла бо забонҳои хориҷӣ паҳн намоянд.

 

_______________________________________

* Мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 3, 2018 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»