Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба Фестивали тобистона даъват менамояд!

Август 17, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои  18 -19 августи соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт  Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор  мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мегарад.

Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат»  хӯрок ва дигар маҳсулоти  миллиро  ба намоиш ва  фурӯш мегузоранд.

Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла,  бо иштироки ҳунармандони Театрҳои  пойтахт  намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод  гардида, онҳо метавонанд дар ин ҷо аспсаворӣ намоянд.

Ҳамчунин дар Фестивали тобистонаи Душанбе баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.

 

 

Август 17, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд