Марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Август 27, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари ҳайати кормандони Маркази  омӯзиши глобалӣ ва  стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Аз маросими ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва  президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал –майори мустаъфӣ  Сайид  Холид Амир Ҷаъфарӣ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон ҳайати покистонӣ, ки ба он директори иҷроияи Маркази    омӯзиши глобалӣ ва  стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон   Холид Таймур  Акрам ва сармуҳаррири  рӯзномаи «Daily Herald Tribune»  Ғулом Акбар шомиланд, бо роҳбарият ва ҳайати кормандони МТС мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарият ва сардорони раёсатҳои  МТС доир  ба самтҳои фаъолияташон маълумот доданд.

Инчунин дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ байни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуда, пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.

Президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии  Покистон  Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ  роҷеъ ба фаъолияти  маркази мазкур ибрози назар намуда, гуфт, ки он яке аз бузургтарин  марказҳои омӯзиши глобалӣ ва стратегӣ дар Покистон маҳсуб меёбад. Марказ алҳол бо марказҳои пажӯҳишии стратегии  15 кишвари ҷаҳон, назири Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон  ҳамкорӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки  бо имзои Ёддошти  тафоҳум Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маркази  омӯзиши  глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориро дар бахшҳои гуногун-  ташкили конференсияҳои муштарак дар Душанбе ва Исломобод, табодули таҷриба ва иттилоот, ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва ғайраро ба роҳ мемонанд.

Дар мулоқот ҳамзамон доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, мубориза  бо  бархе аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир- ифротгароӣ ва терроризм ва таъмини амнияти иттилоот ибрози назар карда шуд.

Август 27, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид