Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд

Август 29, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Холназаров ва сардори Раёсати консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Улфат Қодиров баргузор гардид.

Тибқи иттилои сарчашма,  зимни машваратҳои консулӣ ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти консулиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, доир ба  иҷроиши конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии имзогардида табодули  афкор намуда, ба сатҳи иҷроиши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

 

Август 29, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид